«Оташгиёҳи миллат» — меҳрнома барои Валӣ Самад

Таҳти ин ном чанде пеш нашриёти «Бухоро» маҷмӯаи мақолаву шеърҳоро бахшида ба 80-умин солгарди устод Валӣ Самад — ин муҳаққиқи сермаҳсули тоҷик ба табъ расонд.
Дар китоб симои устод Валӣ Самад дар очерку мақолаҳои устодон, дӯстон ва ҳамкорон, ки дар васоити ахбори гуногуни кишвару берун аз он чоп шудаанд, роҳи дар зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабӣ содиқона тайнамудаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон, ходими пешбари илмии шуъби таърихи адбиёти Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ боэътимод тасвир ёфтааст.
Маҷмӯа аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якуми он фикру андешаҳои олимону адибон Муҳаммад Осимӣ («Пайвадгари риштаҳои нжодӣ ва фарҳангӣ»), Сотим Улуғзода (« Машриқу мағриб дар нахустин пайки рӯҳонии Аврупо ва Осиё»), Абдумаҷид Достиев («Хӯшаҳоро ҷамъ гӯ аз гӯшаҳо»), дӯстону наздикони муҳақиқ Муҳибулло Қурбон («Нагуфта наметавонам»), Одили Нозир («Сафири кабири адабиёт тоҷик») ва дигарон доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, вижагиҳои эҷодӣ, мазмуну моҳияти таҳқиқоти илмӣ, истеъдоди нотакрори пажӯҳишгарӣ, заҳматписандӣ, чӣ тавр ба майдони илм ворид шудани муаллим Валӣ Самадба таври муфассал арзёбӣ гардидааст.
Дар қисми дуюми маҷмӯа ашъори бештар аз 20 шоири номдори тоҷик аз зумраи Лоиқ, Бозор Собир, Абдуллоҳ Қодири Мумтоз гирд оварда шудааст, ки эҳсоси меҳру садоқати гӯяндагонашонро нисбат ба фаъолияти пурсамари илмӣ ва миллатдӯстонаи Валӣ Самад ифода кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *