Покистон:Қатлҳои номусӣ дигар беҷазо намемонанд!

Қандил Балуҷ, як ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ баъди фош кардани ин мулоқоташ бо як рӯҳонии маъруф дар моҳи Рамазон аз ҷониби бародараш кушта шуд
Се моҳ пас аз қатли як ситораи маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ парлумони Покистон қонунеро дар бораи «кушторҳои номусӣ» ба тасвиб расонд. Рӯзи панҷшанбе, 7 октябр дар ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлиси парламент қонуни зидди кушторҳои номусӣ тасдиқ шуд, ки ҳамакнун муҷримони ҷиноятҳои номусӣ, ба вижа қотилонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мекунад.
То ин замон дар Покистон қонуни муҷозоткунанда барои кушторҳои номусӣ мавҷуд набуд ва маъмулан, дар ҳолати рух додани як куштор ё таҷовузи номусӣ, оилаи қурбонӣ маҷбур буд қотилро афв ва аз ҷавобгарӣ халос кунад. Ҳар сол дар Покистон камаш 500 зан аз дасти наздиконашон ба қатл мерасанд ва қотилон бо истифода аз заъфи қонун аз масъулият озод мешаванд.

Ҳар сол дар Покистон камаш 500 зан қурбони кушторҳои номусӣ мешаванд ва дар аксар ҳолатҳо қотилон бахшида шуда ба озодӣ мебароянд
Дар аксари кушторҳои номусӣ зан аз дасти хешу табораш ба қатл расидаву қотил аз сӯи аъзои оилаи қурбонӣ мавриди афв қарор мегирад.

Бар пояи қонуни нав, дар сурати ба эъдом маҳкум намудани қотил аъзои оилаи қурбонӣ метавонад гуноҳи ӯро бубахшад, вале қотил тамоми умр дар зиндон ба сар мебарад. Дар ҳолати ба унвони қасди номусӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтани зан, ҷинояткор ба 25 соли зиндон маҳкум мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *