10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016

8 октябри соли ҷорӣ натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016” дар шаҳри Душанбе эълон мегардад.

Ин озмун, ки  ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон», “Аргументы и факты в Таджикистане” дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 6 моҳ идома дошт.

Озмун аз рӯйи 10 номинатсия тариқи пурсиши озод миёни оммаи васеъ гузаронида шуда, дар он 26 донишгоҳу донишкадаи олии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин давра ҳафтаномаи “Тоҷикистон” замимаи махсуси рангаро ташкил намуд, ки дар он хабару мақолаҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ, таҳлилгарон, ки моҳияти омӯзанда доранд, чоп ва пешкаши хонанда гардиданд.

Тибқи пурсиши афкори ҷомеа, дар давраи ниҳоӣ 10 донишгоҳу донишкадаи олӣ ба 10- гонаи беҳтарин ворид шуданд.

Тафсилоти бештар нашр мегардад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *