Қотилони нозири табиат дастгир шуданд

Дар Қазоқистон се нафареро, ки дар ҳамла ба кормандони ширкати давлатии «Охотзоопром» дар вилояти Қарағанда айбдор мешуданд, дар Қизилорда боздошт карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла як нозири табиат ба ҳалокат расида буд.

Ба гуфтаи сардори Департаменти иртиботи дохилӣ ва хориҷии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Алмос Садубоев, ин се мардро дар натиҷаи як амалиёти махсус дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар Қизилорда дастгир карданд. Гумонбарон ба боздоштгоҳи муваққатии вазорат интиқол ёфта, тафтишот идома дорад.

Ҳамла ба ду корманди «Охотзоопром» — Ерлан Нургалиев ва Петр Нитсик рӯзи 13 январ дар ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда рух дод. Онҳо мехостанд, гумонбарони куштори сайгаҳо (як навъ бузҳои саҳроӣ)-ро боздошт кунанд, аммо гумонбарон муқобилат нишон доданд. Нозири 53-солаи табиат  дар натиҷаи бардоштани захми зиёд дар беморхона 15 январ ба ҳалокат расид.

ВКД Қазоқистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Куштор» парванда боз кардааст. Санҷиши ҳодисаро Додситони кулли Қазоқистон зери назорати худ гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *