Озодбек намехоҳад сарояндаҳо ройгон хизмат кунанд

Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков мухолифи сурудхонии ройгони сарояндаҳо дар чорабиниҳоест, ки аз сӯи мақомоти қудратӣ ё дигар ниҳодҳои давлатӣ доир мешаванд.
Пешниҳоди Назарбеков дар ҷаласаи охири муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» садо додааст. Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон аз пешниҳоди ҳофизи халқӣ истиқбол кард.

Вай ҳамзамон пешинҳод кардааст, ки дар назди вазорати фарҳанг бахши тиҷорӣ кушода шавад ва ниҳодҳои давлатӣ ҳаққи заҳмати ҳофизонро ба он бахш интиқол диҳанд. Ҳофизи халқӣ мегӯяд, ниҳодҳои давлатӣ на танҳо меҳнати сарояндаҳоро қадр намекунанд, балки гоҳҳо ба дағаливу таҳқири намояндагони санъат роҳ медиҳанд.

«Онҳо комилан сарояндаҳоро эҳтиром намекунанд. Барои мисол, вазорати корҳои хориҷӣ ё додситонии кулл дар «Наврӯз» ҷамъомади идона ташкил мекунанд, ғизову нӯшокиҳои спиртиро мехаранд, маблағи иҷораи толорро медиҳанд, аммо аз сарояндаҳо мехоҳанд, ройгон хизмат расонанд», — гуфт вай.

Як сарояндаи дигари ӯзбек, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, шикояти Озодбек Назарбеков ба мавқеъ буд. Аммо вай бовар надорад, ки аз ин ба баъд дигар сарояндаҳоро ройгон ба ҷашнҳо нахоҳанд бурд. «Агар даркор шавад ҳам Озодбек, ҳам Юлдуз Усмонова ва ҳам Ғуломҷон Ёқубов дар ҷашнҳо ройгон хизмат мекунанд», — афзуд ин сароянда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *