Мубориза бо анбӯҳи малахҳо

Истифода аз дастгоҳу заҳрхимикатҳои муосир ва низоми муташаккилонаи кор имкон дод, ки дар масоҳати қариб 3 ҳазор гектар мавзеи пайдогаштаи малах коргарди кимиёвӣ бомуваффақият гузаронида шавад. Ин матлабро Саидалӣ Холматов, сармутахассиси Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар шаҳри Турсунзода гуфтааст.

Дар  ҳудуди деҳаҳои «Хум» ва «Қизил юл»-и ҷамоати деҳоти Навобод, дар деҳаи «Оғо», масири «Долонсой» ва мавзеи «Говмиш»-и ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмони ноҳия дар масоҳати 800 гектар мубориза бар зидди малах натиҷаи хуб дод.

Ҳамчунин дар чарогоҳҳои зимистонаи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз воқеъанд, дар мавзеъҳои «Чӯпон-шаҳид», «Боғи Ҷидда» ва «Найзабулоқ» дар масоҳати 2 ҳазору 200 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Ба мавсими мубориза бар зидди малах 3 адад техникаи дорупошии ОВХ-28, ду адад мошини «Тайота» бо дастгоҳҳои аэрозолӣ, ду адад мошини обкаш, 16 адад дорупошакҳои моторию дастӣ ва 42 нафар коргарони мавсимӣ ҷалб шудаанд.

Ҳоло корҳои нобудсозии малах дар мавзеъҳои паҳнгаштаи он идома доранд. Дар айни замон малах паррончак шуда, ба тухмгузорӣ шурӯъ намудааст. Ҳарчанд ҳамасола ба муқобили ин офати табиӣ маблағҳои муайян, қувваю вақти бисёр сарф мешавад, вале он пурра нест намешавад.

Масъулинро зарур аст, ки на танҳо малах, балки тухми онро низ пурра нест намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *