Пӯшидани сатру таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ дар Қирғизистон манъ шуд

Пӯшидани ниқоб ё худ сатр ва таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ дар Қирғизистон манъ шуд. Дар ин бора 26-уми декабр дар  парлумони Қирғизистон Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул шуд.

Дар маконҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатӣ пӯшидани либосе, ки чеҳраро пинҳон мекунад, манъ аст. Инчунин, барои чунин амал наи камтар аз 230 доллар ҷарима таъйин шудааст.

Ҳадафи асосии қонун мубориза бо ифротгароии динӣ ва таъмини амният аст. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ки яке аз манфиатҳои ин қонун муҳайё кардани фазои шаффоф ва пешгирии ташкил ва фаъолиятҳои динӣ ва экстремистии ғайриқонунӣ мебошад. Қонун ҳамчунин таъсиси ҳизбҳо ва созмонҳои динӣ дар дохили кишварро манъ мекунад, ки бар асоси меъёрҳои динӣ фаъолият намоянд. Таълими динӣ низ ба муассисаҳои муқарраршуда ва зери назорати ҳукумат бояд маҳдуд бошад.

Аз ин пас ҳукумати Қирғизистон таҳсили динии шаҳрвандонро дар хориҷа низ таҳти назорат мегирад. Дар қонун омадааст, ҷавоне, ки агар мехоҳад, дини ислом ё ҳар дини дигареро дар хориҷ биёмӯзад, бояд мақомоти расмӣ огаҳ ва ё бо он мувофиқа кунад.

Бояд омори донишҷӯёни қирғизистоние ҳам таҳия шавад, ки дар хориҷ илми динӣ меомӯзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *