Паҳлавонони Тоҷикистон дар Abu Dhabi Grand Slam 2024 се медал ба даст оварданд

Аз 11 то 13-уми октябр дар Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Abu Dhabi Grand Slam 2024 баргузор шуд, ки дар он 6 намояндаи Тоҷикистон ширкат карданд ва се медал ба даст оварданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2024” Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг барандаи медали биринҷӣ гардид. Абубакр Шеров дар рӯзи дуюм дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард. Дар рӯзи сеюм Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷиро ба даст овард. Умедҷон Раҷабов (-90 кг) мақоми 7-умро касб кард. Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) дар даври аввал ноком шуданд.

Ҳамин тавр, аз ҳисоби медалҳо Нидерланд бо 2 медали тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Фаронса бо 2 медали тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дуюм шуд. Олмон, АМА, Озарбойҷон ва Хорватия дар шашгонаи беҳтарин ҷой гирифтанд. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ мақоми 7-умро дар миёни 29 кишвар касб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *