Паҳлавонии гвардиячиён дар Наврӯз

Варзиш аз бахшҳои асосиву хотирмони ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Ба ин хотир ҳар сол бо омадани фасли баҳор ва иди  Наврӯзи ҷаҳонӣ байни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд.

Соли равон мусобиқаҳои ҳарбӣ–варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллӣ аз 13 –уми март шурӯъ  гардид, ки ҳайати шахсӣ дар намуди футбол, волейбол, давидан ба масофаҳои гуногун, турниккашӣ, вазнбардориву дастхобонӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ, гуштини миллӣ, якҳарбаи шарқӣ, тирпаронӣ қувва озмуданд.

Мусобиқа оид ба  футбол ба майдони  дастаҳои футболи қисмҳои ҳарбиро ба рақобати ҷолибу диданӣ ҳидоят кард.  Дар ин мусобиқа ҳама дастаҳои иштироккунанда маҳорати хуби техникӣ нишон доданд, вале дастаи футболи қисми ҳарбии 051054 бо бартарии бештар бар ҳамаи ҳарифон дастболо шуда, ҷойи якумро касб кард.

Дав ба  масофаи 3000 метр як нафариро  аз қисмҳои ҳарбӣ ба марра якнафарро хонд. Мувофиқи меъёри муқарраргардида варзишгарон масофаи мазкурро  бояд дар муддати 12 дақиқаю 10 сония паси сар менамуданд. Воқеан, ҳамаи иштирокчиён ин  меъёрро иҷро карда тавонистанд. Аммо сержанти хурди гвардия Қурбонов Толибшоҳ ин масофаро дар муддати 10 дақиқаю 35 сония фатҳ карда, сазовори ҷойи аввалу медали дараҷаи якум  гашт.

Турниккашӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ меъёри ҳатмии ҳамарӯзаи машқҳои варзишӣ мебошад. Фақат  ба капитани гвардия Абдуқаюм Абдуллоев муяссар шуд, ки аз рақибон зиёдтар (47 маротиба) худро ба турник кашида, пирӯз  шавад.

Бешак, дар гулулабардорӣ нафаре ғолибиятро ба даст оварда метавонад, ки ҷисман обутобёфта ва дасту бозуи қавӣ дошта бошад. Натиҷаи машқу тамрин ва нерумандии бозу аст, ки сарбози қатории гвардия Шавкат Мирбобоев гулӯлаи 24 килогиро 105 маротиба бардошта, пирӯзӣ ба даст овард.

Гуштии миллӣ дар миёни ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ мавқею обрӯйи хосаро дорост. Паҳлавонон  ҳар кадом дар вазнҳои худ қувваозмоӣ карда,  дар вазни 60 кг лейтенанти гвардия Шеров Мунис,  дар вазни 65 кг сержанти хурди гвардия Алиҷон Гадоев, дар вазни 70 кг сержанти хурди гвардия Аслам Пустаков, дар вазни 75 кг сержанти хурди гвардия Шаҳбоз Абдуллоев, дар вазни 80 кг сержанти гвардия Фирдавс Маҳкамов, дар вазни 85 кг сарбози гвардия Соҳибназарзода Соҳибназар ва дар вазни 90 кг капитани гвардия Каримов Қудратулло датболо гаштанд.

Ғолибони мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ қабл ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби  Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо медалу ифтихорнома ва қисмҳои ҳарбии беҳтарин бо Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Эмоми НАЗАРИЁН,

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *