“Падарам худашро овехту…” Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед!!!

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ба ҷои писараш маро 3 талоқ кард”, “Авсунамон балои ҷонамон гашт”, “Занам ошиқи “KFC” аст” таҳия гардидааст.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳаҷвнигор ва блогери шинохта Фаррух Сангинов оиди фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии шахсӣ мутолиа карда метавонед.

“Падарам худашро овехту…” чунин ном дорад зиндагиномаи марде, ки аз ҷабру зулми зани худ ба дод омада, оқибат даст ба худкушӣ мезанад. Қиссаи мазкур аз номи духтари мард хеле пурдард рӯи коғаз омадааст. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо дар баробари мардони золим, боз занҳои бераҳме низ ҳастанд, ки ҷони мардро ба лаб меоранд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Айби касро гуфтан ҷоиз аст?”, “Зани ҳамсоя хиёнат мекунад”, “Бокира будани номзадамро аниқ кунам?”, “Кадом вақт ҳамбистарӣ ҳаром аст?”, “Шубҳа ба як ҳадис”, “Тамошои навори порнографӣ ҷоиз аст?” ва дигар мавзуҳо посухро мутолиа намоед. 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “Ҷ” ва “Ш” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Занам ҳақ дорад маро ба суд диҳад?”, “Имкони кам кардани алимент вуҷуд дорад?”, “Аз хешу табор кӯдак гирифтан мумкин аст?” ва “Суғурта кай ба мо лозим мешавад?” посухи адвокат дода шудааст.

“Рашки авсун” зиндагиномаи талхи бонуест, ки баъд аз марги шавҳар дучори рашки зани бародари шавҳараш мегардад. Бо мурури вақт зан соҳиби ҳама чиз мешавад, вале заҳри забони нотавонбинонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад.

Дар саҳифаи 7 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз намоҳанги Шабнами Собирӣ то ҳушдори Ғолиб Мӯсоев” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо  ҳунарманди хушсадо Беҳрӯз Мирзоев бобати сукут ва шикастани он, тавлиди таронаҳо, чӣ гуна будани ҳунарманди асил, дарду ғами танҳоӣ ва эҷодкор, нақшаҳои эҷодӣ мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Шона мӯйро мерезонад?” ва “Вақте ки кӯдак гӯшдард мешавад” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *