Лукашенко аз ифтитоҳи як маркази тиҷоратии Тоҷикистон дар Беларус ҳимоят кард

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск бо Президенти Беларус Александр Лукашенко мулоқот анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар остонаи нишасти сарони СПАД, ки қарор аст имрӯз 23 ноябр баргузор шавад, вориди Минск шуд. Нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД таҳти раёсати Президенти Беларус Александр Лукашенко баргузор мешавад.

Зимни мулоқот Президенти Беларус омодагии худро барои афзоиши гардиши молӣ эълом карда ва аз ифтитоҳи як маркази тавонои тиҷоратӣ ҳимоят кард.

«Бо 100 миллион доллар, мо гардиши молро аз худ мекунем. Аммо ман мехоҳам, ки шумо бифаҳмед: мо омодаем маҳсулоти шумо, бахусус маҳсулоти кишоварзиро бо ҳар ҳаҷм харидорӣ намоем. Бо дархости Тоҷикистон дар инҷо як маркази пуриқтидори савдоро ифтитоҳ менамоем. «Мо омодаем, ки дар ин замина бо шумо ҳамкорӣ намоем»» гуфт Александр Лукашенко.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *