Роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд ва умед ба рушти туризму тиҷорат

Сохтмони роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд, ки ба қарибӣ оғоз мешавад, барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард…

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳанд, ки бо мақсади бунёди роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд дар ҳукумати шаҳр машварати собиқадорони соҳа, мутахассисон ва дигар шахсони масъул доир шуд. Маълум мешавад, ки барои бунёди роҳи оҳан гурӯҳҳои корӣ аллакай корро оғоз кардаанд.

Роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд бо ду мақсад сохта мешавад — рушди соҳаи сайёҳӣ ва рушди тиҷорат. Зеро, тавре ба ҳамагон маълум аст, Самарқанд ва Панҷакент ҳам шаҳрҳои сайёҳӣ ҳастанду ҳам шаҳрҳои барои тиҷорат мувофиқ.

Ёдовар мешавем, ки бунёди роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум сохтмони он мавқуф гузошта шуд. 

Хати ҳаракати роҳи оҳан истгоҳи Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунғур — истгоҳи Ҷамбай — истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон) ҳанӯз дар замони шӯравӣ пешбинӣ шуда, ҳатто замин барои ин лоиаҳ ҷудо гардида буд. 

Бояд гуфт, ки масофа аз маркази шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон то маркази шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон қариб 60 км буда, тавассути нақлиёт метавон онро дар 1 соат тай кард.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки барои бунёди ин роҳ лоиҳа омода аст.

Ҳанӯз моҳи июни соли 2021 зимни мулоқоти муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон Шоиста Саидмуродзода ва Абдусамат Муъминов лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани Панҷакент — Самарқанд муҳокима шуда буд. Инак, ҷонибҳо даст ба кор шудаанд, ки ин мо — аҳолии шаҳри Панҷакентро хушҳол мекунад.

Бозорбой САИДМУРОДОВ, собиқадори меҳнат, шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *