Падару писар дар Қурғонтеппа таркиш карданд

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар робита ба таркиши 12 март дар шаҳри Қурғонтеппа ду нафарро боздошт кардаанд. Аз боздошудаҳо ном бурда намешавад, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо падару писар мебошанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон  боздошти ду нафарро тасдиқ кард, вале ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот аз шарҳи бештари қазия худдорӣ намуд.

Дар пайи ин таркиши рӯзи 12 март дар шаҳри Қурғонтеппа посбон Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола ҷон бохта буд. Додситонии вилояти Хатлон дар робита ба таркиш дар рӯ ба рӯи додситони низомии шаҳри Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи «терроризм»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *