Панҷакент: Косатарош обод мешавад
Деҳаи Косатарош яке аз деҳаҳои серҷамъияти шаҳри Панҷакент мебошад, ки фарзандонаш бо далерӣ ва шуҷоатмандии хеш дар байни омма ном баровардаанд. Кадом касе, ки аз дур ё наздик боре меҳмони ин деҳа мешавад, солҳо меҳмондӯстӣ ва дастурхондории ин мардумро ситоиш мекунад.
Ҷавонони деҳа дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо аризаи хеш ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва ба озодии Ватану маҳали хеш саҳм мегузоранд.
Имрӯзҳо як гурӯҳ ҷавонон дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи деҳа дарвоза бунёд намуда, Парчами Ватани азизамонро парафшон намуданд.
Ҷавонони деҳа тасмим гирифтаанд, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони варзишгоҳи деҳа хотима бахшида, дашти лабташнаи Дашти Калонро шодоб намоянд.
Дар деҳа сохтмони маҷлисгоҳ дар назди МТМУ №75 ва сохтмони мактаб дар Косатароши нав аз тарафи соҳибкор Султон Бобомирзоев идома дорад.
Исмоил ЗАРИФӢ, шаҳри Панҷакент
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ