Моҳшариф Қосимова: Духтар чӣ гуна, модар намуна

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз аз ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ Қосимова Моҳшариф мебошанд.

Саволи мо ба модари азиз чунин аст:

— Дар тарбияи духтарон ба кадом хислатҳои ҳамидаи инсонӣ зиёдтар аҳмият додан лозим, то аз онҳо модарони хуб ба воя бирасанд?

— Волидайн вазифадор ҳастанд, ки тамоми хислатҳои ҳамидаи инсониро ба фарзандони худ омўзонанд, новобаста аз ҷинсашон. Аммо тарбияи духтар вежагиҳои дигар дорад, зеро фардо аз духтари хурдакак модар ба воя мерасад. Ва фарзандони солеҳ дар домани модар ба воя мерасанд. Ман ин ҷо нақши падарро кам диданӣ нестам, аммо фарзанд зиёдтар бо модар мемонад, чунки падар беруни дар аст, яъне ба хотири таъмини молиявии оила кор мекунад.

Духтарро модар бояд бо рафтору гуфтори хеш тарбия намояд, зеро аввалин ҳарфи навозишро кўдак маҳз аз модар меомўзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «духтар чӣ гуна, модар намуна». Дар домани модари бафарҳангу соҳибмаърифат фарзандони боодобу хушахлоқ ба воя мерасанд. Муносибат бо хусуру хушдоман, эҳтироми шавҳар, пайвандони шавҳар, ҳақу ҳамсоя, накӯкориро духтар маҳз аз модари худ ёд мегирад ва ба ў тақлид мекунад. Ҳунармандӣ, сарфакорӣ, сабру тоқат низ мероси маънавии модар ба духтар аст.

Аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ беҳтаринаш дар ҳаёт сабр аст. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар ҳадисҳои муборакашон мегўянд, ки «Худованд собиронро дўст медорад». Ин андешаро бояд дар гўши духтарони хеш ҳалқа созем. Зани босабр дар зиндагӣ хор намешавад, дар дунё оилаи бе мушкилот, бе моҷаро ёфт намешавад, аз ин рў, дар ҳама пасту баландии ҳаёт бояд мо сабур бошем. Мерасад рўзе, ки подоши сабри хешро мегиред.

Як хислати дигари ба бонувон хеле зарур ва лозимӣ сарфакорист, сарфакорӣ ба зиндагӣ баракат меорад. Ҳама бузургонамон дар ин бора гуфтаанд ва Пешвои миллат ҳам дар тамоми вохўриҳояшон бо занон ин амали накӯро ситоиш мекунанд ва занонро ба сарфакорӣ ҳидоят мекунанд. Зани сарфакор мардро ба зиндагӣ дилгарм месозад. Пули ёфтаи мардро беҳуда харҷ накарда, онро барои беҳтар шудани зиндагӣ ва хонишу тарбияи фарзандон сарф намудан лозим аст.

Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хеле ва хеле зиёданд, аммо калиди ҳама хушбахтиҳои оилавӣ сабру тоқат аст. Сабру тоқату сарфакорӣ ки шуд, баракату меҳру муҳаббат низ мешавад.

Суҳбаторо: ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *