Парвандаи РУФЕЙДАИ 8-сола, ки ТАҶВУЗУ ҚАТЛ шуда буд, ба таъхир афтод
Баррасаии парвандаи пурсарусадои Руфейда Иноятова, ки интизор мерафт 11 окятбр дар Додгоҳи олӣ баргузор гардад, ба таъхир афтод ва бояд имрӯз доир гардад. Сабаби таъхири мурофиа ҳозир нагардидани яке аз намояндагони додгоҳ мебошад.
Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, падари Руфейда — Валиҷон Иноятов ба Азия Плюс хабар дода буд, ки баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои духтараш баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад.
Мавсуф гуфт, парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви 30-сола нишастааст.
Ёдовар мешавем, ки Руфейда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.
Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфайда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад. Раиси палатаи болоии порлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ