Пас аз 18 соли интизорӣ. Кайҳоннавард парчамро ба Осорхонаи миллӣ тақдим кард

Аввалин Парчами Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз ё тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солиҷон Шарипов ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид…

Орзуи деринаи кайҳоннавард

Бояд зикр намуд, ки 24-уми октябри соли 2004 тоҷикписар — кайҳоннаварди Русия Солиҷон Шарипов дар ҳайати экспедитсияи X Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз намуда, бо худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бурд, ки то 24-уми апрели соли 2005, яъне 193 рӯз дар кайҳон қарор дошт. Номбурда баъди анҷоми парвоз солҳо ният дошт, ки он парчамро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя кунад. Инак, бо гузашти 18 сол орзуи ӯ амалӣ шуд.

Солиҷон Шарипов ҳафтаи равон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Юрий Гагарин дар яке аз мактабҳои муштараки Русияву Тоҷикистон, ки номи нахустин кайҳоннавардро дорад, ба Душанбе ташриф овард.

Зимни ин сафар, ҳамчунин, маросими тақдими Парчами Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин маросим ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рост омад. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев кайҳоннавард Солиҷон Шарипов, намояндагони аҳли зиё ва ВАО иштирок намуданд.

Орзу доштан муҳим аст!

Пас аз маросими тақдими Парчам ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон кайҳоннавард Солиҷон Шарипов бо хабарнигорон суҳбати кӯтоҳе анҷом дод.

— Феълан, шумо ба чӣ корҳо машғулед?

— Дар маркази омодасозии кайҳоннавардон кор мекунам. Дар омода кардани кайҳоннавардони оянда саҳм мегузорем.  

— Лутфан бигӯед, ки идеяи бардоштани парчами Тоҷикистон ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ аз куҷо пайдо шуд?

— Бобоям зодаи шаҳри Ӯротеппаи Тоҷикистон буданд. Дар шарёни ман хуни тоҷикӣ ҷорист. Хуни русиву уйғурӣ низ дорам. Лекин қисми зиёди ҳаётам марбути Тоҷикистон аст. Ҳамроҳи бобоям зиёд ба Ӯротеппа, ки ҳоло Истравашан ном дорад, равуо доштем. Соли 2004-ум вақте ба кайҳон парвоз кардам, ба эҳтироми бобоям парчами Тоҷикистонро бо худ гирифтам. Онро ба ман яке аз дӯстонам тақдим карда буд. Ба мо бо худ гирифтани ҳамагӣ як кило бор иҷозат буд.

— Эҳсосоти шумо вақте якум бор ба кайҳон баромадед, чӣ гуна буд?

— Бо сухан тасвир карданаш қариб ғайриимкон аст. Ба ҳадди тасвири маззаи клубника ба нафаре, ки ҳеҷ гоҳ онро нахӯрдааст, мушкил мебошад. Аммо ман орзу доштам ва сӯяш бо меҳнати зиёд, интизоми сангин, бо убури монеаҳо ҳаракат намудам. Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ зиёд дар бораи таърихи бузургу ҷолиби Осиёи Марказӣ мехондам. Қаблан олимони зиёде дар ин минтақа зиндагӣ кардаанд. Фикр мекардам, ки чаро миёни кайҳоннавардон ҳеҷ зодаи Осиёи Марказӣ нест? Он гоҳ қарор кардам, ки худам нахустин хоҳам шуд.

Ин хушбахтии бузург аст, вақте худро одам муфид эҳсос мекунад, вақте ҳазорҳо нафар ба ту эътимод доранд, натиҷаи корашонро ба ту бовар мекунанд, ин арзиши зиёд дорад.

Дар мавриди кайҳон метавонам ҳаминро бигӯям, ки агар ҳамагӣ як бор ҳам парвоз мекардаму Заминро ҳамагӣ як давр давоми 90 дақиқа мезадам, арзиши даҳсолаҳо омодагиро медошт.

— Ба насли ҷавони Тоҷикистон чӣ маслиҳатҳо медиҳед?

— Ҳамеша бояд дар роҳи таҳсил талош кард. Аз ҳама асос дониш аст. Тавре Ленин гуфтааст, «хонед, хонед ва боз ҳам хонед». Маҳз ҳаминро ба насли ҷавон мехоҳам — худро ба касби ояндаашон омода созанд.

Ва инчунин муҳим аст, ки инсон орзу дошта бошад. Агар чунин набошад, ҳадафе барои талош, меҳнат ва пешрафт нахоҳад буд, дар пеш роҳе нест…

Нахустин тоҷик дар кайҳон

Шарипов Солиҷон Шокирович — кайҳоннавард, 24-уми августи соли 1964 дар Узген таваллуд шудааст. Хонаводаи онҳо аз Истаравшан кӯчида, ба Узген омада буданд. Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавонавардии шаҳри Харковро хатм кардааст. Соли 1998 аввалин маротиба дар киштии кайҳонии амрикоии «Шаттл» ба кайҳон парвоз кард. Парвози нахустинаш кӯтоҳмуддат буд ва он ҳамагӣ 10 шабонарӯз давом кард.

Парвози дуюми Солиҷон Шарипов соли 2004 сурат гирифт ва он зиёда аз ним сол давом кард. Барнома хеле мураккаб буд. Онҳо ду маротиба ба кайҳони озод баромаданд. Бар дӯши эшон воқеаҳои ғайричашмдошт афтоданд. Вале ҳамаи онро бартараф карда, барномаи бар дӯшашон бударо иҷро намуданд. Ҳар баромади онҳо ба кайҳони озод ба ҷойи 6 соати дар нақша буда 22-24 соат давом кард.

Парвози умумии Солиҷон Шарипов дар ҳавопаймоҳо қариб 950 соатро ташкил медиҳад, кайҳоннаварди 72-юми Русия, кайҳоннаварди 88-уми ҷаҳон, полковники қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия мебошад.

Ҳоло Солиҷон Шарипов дар Маркази илмӣ-тадқиқотии ба номи Юрий Гагарин ба тарбияи кайҳоннавардони ҷавон машғул аст.

Ӯ оиладор аст, ҳамсараш Насиба иқтисодчӣ мебошад ва дар шаҳраки кайҳоннавардон фаъолият дорад. Онҳо ду фарзанд доранд. Духтараш Нигора ва писараш Ҷаҳонгир соҳиби маълумоти олӣ шудаанд.

Ӯ ба мукофотҳои гуногун, аз ҷумла Медали NASA «Барои парвоз ба кайҳон», мукофоти «Кыргыз Республикасынын батыры» ва нишони махсуси «Ак-Шумкар», Қаҳрамони Қирғизистон, ордени «Амир Темур» ва «Барои хизмати шоён» (Ӯзбекистон), Қаҳрамони Русия сазовор гаштааст.

Мутаассифона, Тоҷикистон то ба ҳол кайҳоннаварди нахустини тоҷиктаборро қадршиносӣ накардааст. Месазад, ки аз ин ба баъд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи “Кайҳоннавард Солиҷон Шарипов” доим амал кунад… 

Н. ОДИЛ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *