Никол Пашинян

Пашинян хостори хурӯҷи Арманистон аз ОДКБ шуд

Арманистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) хафа шудааст, зеро дар низои низомӣ бо Озарбойҷон кумаки лозимро нагирифтааст. Илова бар ин, кишвар мунтазам иддао мекунад, ки аз узвият дар ин созмон қариб ҳеҷ фоидаи воқеӣ намебинад. Дар ин бора “Лента.ру” менависад.

Эҳтимолияти баромадан

Сиёсатшинос Георгий Бовт ёдовар шуд, ки Арманистон борҳо дар бораи хурӯҷи эҳтимолӣ аз ОДКБ изҳорот дода ва иқрор кардааст, ки рӯзе ин кишвар воқеан метавонад аз ин созмон хориҷ шавад, аммо танҳо бо шартҳои муайян.

«Арманистон аз ОДКБ хеле хафа шудааст, зеро дар ҷанг бо Озарбойҷон ба он кумак накарданд. Агар барои ҳифзи амнияти Арманистон як конфигуратсияи судманди дигаре вуҷуд дошта бошад, иттиҳоди дигаре бошад, кишвар ба он шомил мешавад. Арманистон кайҳо боз мегӯяд, ки аз узвият дар ОДКБ фоидаи сиёсӣ намебинад»,- қайд кард сиёсатшинос.

Вале, дар ҳамин ҳол сиёсатшинос Александр Асафов хурӯҷи Арманистон аз ОДКБ-ро ғайриимкон хонд. Ӯ бар ин назар аст, ки эҳтимоли иқдомҳои ногаҳонии Арманистон, аз ҷумла хурӯҷ аз ин созмон ҳанӯз ночиз аст.

«Ман эҳтимолиятро бо фоиз ҳисоб карда наметавонам, аммо фикр намекунам, ки Арманистон сарфи назар аз шиддати вазъ иқдомҳои қатъӣ хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, ҷонибҳо ба ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак, аз ҷумла бо Русия ҳаракат мекунанд. Албатта, имкони хурӯҷи Арманистон аз ОДКБ вуҷуд дорад, аммо чандон зиёд нест”,- итминон дорад Асафов.

Оқибатҳои эҳтимолӣ

Бовт бар ин назар аст, ки агар Арманистон аз ин иттиҳод хориҷ шавад, пайомадҳои он барои Русия бештар зарба задан ба имиҷ хоҳад буд. «Дарвоқеъ, ин сиёсати Русия дар Закавказияро ҳеҷ гуна тағйир намедиҳад. Иштирок кардан ё накардани Арманистон дар ОДКБ танҳо масъалаи пойгоҳи низомии Русия аст, аммо дар пасманзари томоми рӯйдодҳои дигар, ин як кори сафсатаест”,- мегӯяд сиёсатшинос.

Асафов қайд кард, ки аз даст додани як иттифоқчӣ барои Русия хеле дардовар хоҳад буд, бахусус дар вазъи кунунии геополитикӣ. “ОДКБ барои Русия як иттифоқи ниҳоят муҳим аст. Суст шудани он барои мо фоидаовар нест”,- афзуд сиёсатшинос.

Қаблан Никол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфта буд, ки Арманистон дар сурати “созмони нотавон” донистани ОДКБ аз он хориҷ мешавад.

Сиёсатмадор таъкид кард, ки чунин тасмими Ереван дар сурати «ғайрифаъол» шудани ин созмон имконпазир аст. Ӯ ба хулосае омад, ки дар ин сурат кишвар масъалаҳои амнияти худро мустақилона ҳал хоҳад кард.

Миръатулло АТОӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *