Вазорати маориф

Поёни соли таҳсил дар Тоҷикистон кай аст?

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи охирини соли хониш дар мактабҳоро эълон кард. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар барои хонандагони синфҳои 2 то 11 дарси охирин рӯзи 1-уми июн баргузор мешавад. Рӯзи охирини дарс барои синфи якум бошад, 25-уми май таъйин шудааст.

Вазорати маориф ва илм санаи аттестатсияи хонандагонро низ мушаххас кард. Имтиҳони хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 аз 3 то 10-уми июн гузаронида мешавад. Дар баробари ин аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони синфи 9 аз 3 то 15-уми июн ва синфи 11 аз 3 то 20-уми июн доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори роҳбарияти Вазорати маориф, ки соли 2016 қабул шуда буд, дар кишвар анҷоми соли таҳсил бидуни “Занги охирин” сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *