Пайдо гаштани ганҷинаи қадим дар Тошканд

Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд. Арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

«Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат махкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт», — менависанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зеваролот мавҷуд аст.

Миёни онҳо ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳӣ низ ҳаст. Ин ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

Миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *