Ҳаво абриву тағйирёбанда мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14-19  ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  18-23 ва рӯзона 7-12  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 ва  рӯзона 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 6-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба  -4+1 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 7-12, инчунин то 15-17 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард  ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *