Пешво андар дили халқ ҷо гирифт
Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1998. Раиси шаҳри Кӯлоб будам. Дар ҷашни Наврӯз, 21 март, Сарвари давлатамонро интизор будем. Ҳаво абрнок буд, борони сел чун аз сатил мерехт. Новобаста ба номусоидии ҳаво чархболи Роҳбари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб фуруд омад ва аз он Президенти Тоҷикистон берун шуд.
Магар муъҷиза буд, ки ногаҳ абр пароканда, борон қатъ гашт, офтоб чеҳра кушод. Мардум бо гулдастаҳо ба кӯчаҳо рехтанд. Донистам, ки ин рамзи қадами мубораки Пешвост. Қадамҳои неки Пешвои миллат ба ҳар куҷое расад, нуру сафо меорад, Тоҷикистонро гулистон месозад.
Ҳар боре, ки дар арафаи Рӯзи Президент ба андеша меравам, ноябри соли 1992, иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоб баргузор гашта буд, пеши назарам меояд. Чандин номзадҳо ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, лекин бо назардошти нооромии кишвар авҷи алангаи ҷанги шаҳрвандӣ аз тарси ҷон аз ин вазифа даст кашиданд. Аммо ягона вакили Шӯрои Олӣ, шахсе, ки ҷони худро ба мардуми худ бахшид ва зимоми давлатдориро ба уҳда гирифт, ин Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад, оташи алангазадаро хомӯш гардонад ва давлати соҳибихтиёр бунёд кунад.
Коху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғускеф, нуҳ деҳаи мазкур ба ҳудуди ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат дохил мешаванд. Қатори садҳо деҳае, ки дар Тоҷикистони азизи мо вуҷуд доранд, то ҳамин наздикиҳо шояд кам касе ёфт мешуд, ки аз мавҷудияти онҳо огоҳ буд, ё дар бораашон маълумоте дошт. Деҳаҳои дурдасту назарногир, дар бағали кӯҳҳо дорои ҳамагӣ 3100 сокин буданд. Тасаввур кунед, ки хонаҳои ин мардум ба шумули солҳои Шӯравӣ чароғи барқиро надида буданд. Барқ, ки набошад, давомашро ҳам фаҳмидан мумкин: на метавонӣ телевизор тамошо кунӣ, на имкон дорӣ, ки аз мошини либосшӯӣ ва дигар асбобҳои ҳозиразамони рӯзгор истифода барӣ. Бунёди корхонаҳои саноатӣ як тараф истад, ҳатто фаъолияти мактабу бунгоҳҳои тиббӣ барин муассисаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳам дар ин шароит мушкилиҳо дошт. Гарчанде то пойтахти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 60-70 километр масофа буд.
Шӯълаи умед дар дили сокинони ин деҳаҳо ҳанӯз соли 2016, ҳангоми яке аз сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва минтақаи Ромит фурӯзон гардида буд. Сарвари давлатамон ба зиндагии мардум мароқ зоҳир карда, ваъда доданд, ки барқ ба манзилҳои онҳо хоҳад омад. Ҳамин тавр, номи деҳаҳои мазкур дар санадҳои мақомоти марказии ҳокимият ва ҳатто дар санадҳои байналмилалӣ пайдо шуд. Вобаста ба таъмини барқи ин деҳаҳо бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созишномаи байниҳукуматӣ миёни сафорати Кореяи Ҷанубӣ бо ҷониби Тоҷикистон ба имзо расид, ки лоиҳаи махсус омода карду онро якҷо бо Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ мавриди татбиқ қарор дод.
Моҳи октябри соли гузашта бо ширкати Сарвари давлат маросими ботантанаи анҷоми лоиҳа ва оғози кори хатҳои нави барқ баргузор гардид. Сокинони ин деҳаҳои дурафтодаи кӯҳистонӣ бо бунёди зеристгоҳи махсус ва кашидани симҳои интиқоли нерӯи барқ ба масофаи 53 километр татбиқи амалии орзуи деринаашонро бо чашми сар диданд.
Навгонии муҳими дигаре низ дар ҳаёти ваҳдатиҳо бо Ромит иртибот дорад. Ин ҷо, дар баландии 2400-2500 метр аз сатҳи баҳр водии сарсабзе доман густурдааст, ки масоҳаташ то ба 44 ҳазор гектар мерасад, ки номаш Канаск аст. Манзараҳои зебо, марғзорони беинтиҳо, иқлими дар гармиҳои тобистон фавқулодда салқин. Рӯду чашмаҳои мусаффо. Як тарафи ин водӣ то ба ноҳияи Нуробод мерасад, тарафи дигараш ба ноҳияи Айнӣ. Имкониятҳои нодир барои рушди кишоварзии хоси ин шароит, махсусан картошкапарварӣ, чорводорӣ, нигоҳубини занбӯри асал, рушди туризми экологӣ мавриди истифода қарор надоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канаск охирҳои соли 2016 дидан карда, табиати дилфиреб ва имкониятҳои нодири истеҳсолии онро басо тавсир намуданд. Таъкид сохтанд, ки бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин илоҷи раҳкушоӣ ба Канаск мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои то ба 1000 гектар расондани заминҳои кишти картошка, ривоҷи чорводорию асалпарварӣ, туризми табобатию экологӣ дар ин ҷо тадбирҳо анҷом бигиранд. Аввал дар Канаск хоҷагии махсусе дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки бевосита тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кишти картошка ба 400 гектар расонда шудааст. Вобаста ба иҷрои дастурҳои дигари Сарвари давлат низ корҳо идома доранд. Ба туфайли ташрифи Ҷаноби Олӣ Канаск дубора ҷон гирифт ва ояндаи ободу шукуфоне пешаш боз шудааст.
Дар ҳамаи минтақаи Ромит конҳои маъдане вуҷуд доранд, чун Кони Покрӯд. Он дорои захираҳои бузурги маъданҳои нодир аст, аз ҷумла, металҳои қимматбаҳои Покрӯд барвақт маълум буд. Аммо вазнинии шароити маҳал ва зарурат ба маблағгузории зиёд имкон намедоданд, ки захираҳои мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд. Соли 2003 мутахассисони тоҷику чинӣ дар ҳамкорӣ ба омӯзиши геологӣ ва техникии истифодаи саноатӣ аз ин кон шурӯъ намуданд, ки то соли 2013 идома кард. Баъд бунёди заминаҳои истеҳсолӣ оғоз гардид. Соли 2016 Пешвои муаззами миллат дар маросими расмии оғози фаъолияти ду корхонаи бузург дар ин минтақа: корхонаи ғанигардонии маъдан ва корхонаи коркарди маъданҳои нодир ҳузур доштанд, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Ҷумҳурии мардумии Чин барои баҳрабардорӣ аз ин захираҳо таъсис шудаанд. Онҳо имкон доранд, ки то ду ҳазор нафарро ба истеҳсолоташон ҷалб намуда, бо маоши хуб таъминашон созанд. Ҳоло ин корхонаҳо бомуваффақият фаъолият доранд ва садҳо нафар мардуми маҳал бо ин восита зиндагиашонро беҳбуд бахшидаанду аз ин ҳисоб ба буҷети давлат низ маблағ ворид мешавад.
Соли 2019 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ромит Маҷмааи сайёҳию истироҳатии «Арху»-ро ифтитоҳ бахшиданд, ки дар роҳи иҷрои бевоситаи дастуру нишондодҳояшон вобаста ба рушд додани зерсохтори сайёҳии ин минтақа бунёд шудааст. Пешвои миллат бо «Арху» дар сафарҳои қаблии хеш ошно шуда буданд. Иқлими ин ҷо беҳтарин ҷое барои дидану фароғат кардан дониста, маслиҳат доданд, ки инфрасохтори сайёҳиро дар маҳали мазкур ривоҷ диҳем. Ҳамин тавр, Маҷмааи сайёҳию истироҳатии «Арху» арзи ҳастӣ карда, ки он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тааллуқ дошта, иншооти марказиаш иборат аз як бинои муҳташами панҷошёна барои қабулу пазиройии меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷ мебошад. Дар меҳмонхона, тамоми шароит барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст, ки имкони қабули 100 нафарро дар як вақт дорад.
Ҳамин тавр, ягон ташрифи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бе армуғонҳои хушу гуворо, бе навгониҳои ҷиддӣ дар ҳаёти мардум воқеъ нашудааст. Ромит бошад, ҷойест, ки ба он Сарвари давлатамон ғамхории махсус зоҳир мекунанд. Соли гузашта ҳам зимни сафари навбатии кориашон ба Ваҳдат ба оғози кори ду хоҷагии нави моҳипарварӣ дар ин ҷо фотиҳаи нек доданд.
Зимнан, Пешвои муаззами миллат на фақат дар Ромит, балки дар дигар гӯшаву канори шаҳри Ваҳдат низ бисёр иншооти муҳиму бузургро ифтитоҳ бахшиданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо маротиба ба ин диёр ташриф оварда, мардумро ба корҳои неку созанда раҳнамун сохтаанд. Натиҷаи ҳамин сафарҳост, ки дар Ваҳдат ғайр аз корхонаҳои истеҳсоли маъдани Покрӯд, боз ҷиҳати чармгарию истеҳсоли молҳои чармин, истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр, истеҳсоли семент, истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширӣ, коркарди меваю сабзавот, духти либос, истеҳсоли маводи хӯрокаю масолеҳи сохтмон низ як қатор корхонаҳои хурду бузург бо дасти мубораки Ҷаноби Олӣ ифтитоҳ шудаанд, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат заминаро барои ба як шаҳри калони саноатӣ табдил ёфтани Ваҳдат тақвият медиҳанд. Дар бахшҳои иҷтимоӣ бошад, Сарвари давлат ба фаъолияти як беморхонаи калони хусусӣ дар деҳаи Тангаӣ, биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 132, 71, 30, 20, кӯдакистонҳои хусусӣ, коллеҷи сайёҳӣ ва хизмат, як варзишгоҳи боҳашамати дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва амсоли ин оғоз бахшидаанд, дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як қатор биноҳои истиқоматии аз 5 то 20 ошёна, ки имрӯзҳо дар шаҳр вусъат дорад, иштирок намудаанд. Бояд гуфт, ки соли 2013 дар натиҷаи заминҷунбӣ иддае аз деҳаҳои ҳудуди шаҳр хароб шуда буданд, мардум бе хонаю дар монданд. Бо дастури Пешвои миллат барои осебдидагон 166 гектар қитъаи калони замин ҷудо шуд, ки бо ин роҳ на фақат онҳо бо манзилҳои нав таъмин гардиданд, балки гурӯҳе аз ниёзмандони дигари истиқоматгоҳ низ зиёда аз 1000 оила, ба ин хотир замин гирифтанд. Осебдидагони зилзила бошанд, дар хонаҳои нави аз тарафи давлат бунёдшуда ва бо ҳама ашё муҷаҳҳазгардида зиндагиро оғоз намуданд. Пешвои миллат соли 2014 дар маросими оғози мавҷудияти ин шаҳраки замонавӣ – шаҳраки Истиқлолият ширкат доштанд. Дар соҳаи кишоварзии диёр низ метавон як қатор иншоотеро ном бурд, ки аз ҷониби Сарвари давлат ифтитоҳ шудаанд. Аз он ҷумла, гармхонаҳо, маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмии зироат, дар бахши хизматрасонӣ бошад, марказҳои тиҷорату иҷрои корҳои дигари муфид, маркази дилхушии кӯдакону наврасон. Пешвои муаззами миллат, майдони Нишони давлатӣ, биноҳои нави идоравии нозироти андоз, маркази адлия, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳҳои навро баъди тармиму бозсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди хобгоҳи омӯзгорони ҷавон дар Ромити дурдаст низ дар доираи дастурҳои Пешвои миллат сурат гирифтаасту ин ҷо сохтмони шаш мактаби нави замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 4 сентябр бошад, мамлакат ба ҳодисаи хеле хатарнок рӯ ба рӯ гардида буд. Генерали хиёнаткор, собиқ муовини Вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳи як гурӯҳ думравонаш кӯшиши табаддулот ва тасарруфи ҳокимияти давлатиро кард. Вай бо гурӯҳаш нақшаи мазкурро барвақт омода карда, бо ин ният аз захираҳои ҳарбӣ яроқу аслиҳа ба даст оварда, бо пайравонаш аввал дар шаҳри Душанбе бедодгарӣ карда, сипас ҷониби шаҳри Ваҳдат раҳсипор гардида ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, хост оташи ҷангро фурӯзон созад. Аммо тираш хок хӯрд, ба мақсади нопокаш нарасид ва дар задухӯрд бо қувваҳои ҳукуматӣ мағлубияти хешро пай бурда, ба минтақаи Ромит фирор карданд. Ҳамин тавр хост Тоҷикистонро ноором созад. Бисёриҳо ба Пешвои миллат маслиҳат медоданд, ки аз сафари рӯзи 6 сентябр пешбинишудаи шаҳри Ваҳдат худдорӣ намоянд, аммо аз нияташон нагаштанд. Омаданд, мактаб, ду кӯдакистони хусусӣ, иншоотҳои дигарро ифтитоҳ карданд, бо мардум суҳбати гарму самимӣ барпо сохтанд. Дар ин хусус тамоми расонаҳои дунё, аз аз ҷумла 2 рӯз пайдарҳам расонаҳои ахбори Русия дар хусуси ғаюрию ҷасорати Ҷаноби Олӣ бе танафус хабар пахш мекарданд. Гарчанде хатар дар остона буд, дастаи генерали хиёнаткор баъди 16 рӯз безарар гардонда шуд.
Умуман, ҷасорату қотеъияти Президентамон дар роҳи амалисозии мақсад мавзӯи баррасии алоҳида аст. Як худи парвозашон ба Афғонистон солҳои 92-юм барои гуфтушунид бо роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷасорату маҳкамиродагии Ҷаноби Олиро баръало нишон медиҳад. Ба Афғонистон, ки даҳҳо дастаҳои мусаллаҳ дар он хешро ҳокими мутлақ медиданду кишвар дар коми ҷанг буд, мисли имрӯзаи Афғонистон.
Соли 2013 дар вазифаи раиси шаҳри Исфара кор мекардам. бо ҷониби Қирғизистон, ки баъзе минтақаҳои Исфара бо он ҳаммарзанд, ихтилофҳои ҳудудӣ вуҷуд доштанд, ҳарзамон миёни аҳолии ду ҷониб муноқишаҳо сар мезаданд. Аз ҷумла ҷамоати деҳоти Чоркӯх ин мушкилро дошт. Чоркӯх бо масъалаи дигари хеш ҳам маълум буд, ки ақидаҳои тундгароёнаи динӣ, миёни аҳолии ин ҷо ривоҷ доштанд ва чандин касон бо амалҳои ифротӣ дастгир шуда буданд. Аммо ба ҳамаи ин нооромиҳо нигоҳ накарда, Сарвари давлатамон ба шаҳри Исфара ва ҷамоати Чоркӯҳ ташриф оварданд. Варзишгоҳ барои 22 ҳазор ҷойи нишаст корхонаҳои истеҳсолӣ се мактабро мавриди истифода қарор доданд, дар Чоркӯх ба бунёди як мактаби дигар, варзишгоҳ барои 5 ҳазор ҷои нишаст оғоз бахшиданд. Дар ҷашнвораи наврӯзии ин ҷо беҳтарин ситораҳои санъат ҳунарнамоӣ карданду ҳазорон нафар сокинони Исфара аз базм ҳаловат бурданд. Пешвои муаззамамон чун анъана ин ҷо ҳам бо мардум суҳбатҳои гарм оростанд.
Сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ниҳоди ҳар нафар, ҳар шаҳрванди мо ҳисси бузурги масъулиятро бедор мекунанд. Барои ободонии Ватанамон, барои фардои сарзаминамон. Ин сафарҳо ва дастуру нишондодҳои дар заминаи онҳо ба миёномада нишон медиҳанд, ки Сарвари давлати мо аз ҳама мушкилоту масъалаҳои дар маҳалҳо ҷойдошта огоҳанд, дар рафъи онҳо роҳҳои оқилонаи корро ба масъулон нишон медиҳанд, бо мардум хеле наздиканд ва кӯшиш мекунанд, ки аз ҳама ташвишу гирифторҳои онҳо огоҳ шаванд.
Ҳар нияте карданд, ҳар нақшае кашиданд онҳоро собитқадамона амалӣ сохтанд, ақиб барнагаштанд. Мо дар қиссаҳои адабиамон симои таърихие дорем бо номи Анушервони одил, подшоҳе, ки бо адлу инсофи худ машҳур шуда буд. Гумон меравад, некию накукорӣ, адолатпарвариҳои Пешвои миллатамон аз Анушервони таърихӣ зиёданд, ки кам не. Ин барои ҳамаи мо масъулини давлат, аз хурд то калон, мактаби бузурги роҳбарию роҳнамоии ҷомеа мебошад. Бошад, ки аҳли кишвар аз як гиребон сар бароварда, пайрави ин мактабдори бузург гарданд.
Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ