Прокурори Дарвоз дар сӯхтор ҷон бохт

Бахтиёр Ҳақназарзода, прокурори ноҳияи Дарвоз бар асари сӯхтор дар манзилаш ҷон бохтааст.

«Озодӣ» дар такя ба манобеаш ин хабарро тасдиқ намуда,  иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса шаби гузашта дар шаҳраки Қалъаихум, маркази ноҳияи Дарвоз рух додааст.

Тафсилоти ҳодиса то ҳол дар даст нест ва мақомот ҳам то ба ҳол ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки Бахтиёр Ҳақназарзода дар чӣ шароите фавтидааст. Аммо тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода тақрибан панҷ сол боз прокурори ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро буда, солҳо дар додситониҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Панҷ дар симматҳои мухталиф кор кардааст. Мушовири адлия (дараҷаи 2) буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *