Тафсилоти худкушии боз як корманди фурӯдгоҳи Душанбе

Дирӯз бегоҳ ҷасади Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Душанберо, ки субҳи якшанбе, 14 ноябр дар ҷои кораш дар фурудгоҳ  худкушӣ кард, ба хок супоридаанд. Прокуратураи нақлиёт дар робита ба худкушии ин корманди фурудгоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ҷасадро қабл аз супоридан ба пайвандонаш ташхиси судию тиббӣ кардаанд ва натиҷаҳои ин ташхис нимаи дуюми рӯзи 15 ноябр бояд маълум шавад. Ҳангоми ташхис дар чанд ҷои бадани Зафар Ҷалолов, аз ҷумла дар рони пояш захмҳое мушоҳида шудааст ва гӯё чанде пеш бо як зан муноқиша ҳам доштааст. Сабаби худкушии ин корманди Хадамоти авиатсионии фурудгоҳ норӯшан боқӣ мемонад. Дар маъмурияти фурудгоҳи Душанбе ба мушкили маош рабт доштани худкушии Зафар Ҷалоловро рад мекунанд. Зафар Ҷалолов қарзи маош надоштааст.”Дар санадҳои муҳосиботӣ нишон дода шудааст, ки тамоми маошҳои ӯ пардохт шудаанд ва ӯ ҳатто маоши моҳи октябрашро аз корти бонкии худ холӣ накардааст”  гуфтанд дар фурудгоҳ. Вақте ҷасади Зафар Ҷалоловро аз ҳалқаи дор мефароварданд, ҳамёнашро ҳам аз паҳлуяш ёфтанд, ки пур аз пул будааст.

Зафар Ҷалолов субҳи барвақти 14 ноябр баъди анҷоми басти кориаш наҳорӣ карда, намозҳояшро хондааст ва сипас худро дар манораи сӯхторхомӯшкунӣ (пожарная вышка) дар тарафи терминали боркашонӣ бо сим ба дор кашидааст.

Зафар Ҷалолов,  29 сола буда, то ҳол издивоҷ накарда будааст.

Зафар Ҷалолов аз як хонаводаи зиёӣ аз ноҳияи Восеъ буда, дар маҳаллаи Чимтеппа дар канори пойхта хонаю дари обод доштааст. Ӯ бародарзодаи полковники амният Шодибек Ҷалолов (Ҷалолзода) буд ва дар вақти роҳбарии Хадамоти амнияти авиатсиониро ба дӯш доштани полковник Ҷалолов ба кор омада, аввал ронандаи амакаш буд. Баъди  рафтани амакаш, Зафар Ҷалолов дар Хадамоти амнияти авиатсионӣ монда, он ҷо кор мекард.

Қаблан низ Шерафган Хоҷақулов, як корманди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 25 октябри соли 2020 дар ҷои кораш худкушӣ карда буд. Шерафган Хоҷақулов худро бо таппончаи хидматӣ парронда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *