Писарамро дар Русия дуздиданд

“Мардум, писари маро надидед? Ана ба аксаш нигаред, шояд дар ягон ҷо Эҳсонҷони маро дидаед? Худоё, писарамро кӣ дуздида бошад?”-садои гиряву нолаи зани тоҷикро шунида наздиктар рафтам. Ҷавонзане рӯю мӯяшро канда нола мекард. Аз канда-канда гап заданаш маълум буд, ки зан саводи казоӣ надорад ва забони русиро хуб намедонад. Дилам ба ҳолаш сӯхту меҳрубонона пурсидам: “Апаҷон, ба шумо чӣ шуд? Барои чӣ ин қадар бо алам гиря карда истодаед?” Зан нигоҳи ҳайратзадаашро ба рӯям дӯхт. Чашмонаш аз шиддати гиря суп-сурх шуда варам карда буданд. Тоҷик будани маро фаҳмида ҷавонзани аламзада оҳи сарде кашида, дарди дилашро чунин баён кард: “Бахти сиёҳам дар гӯр, аз шавҳарам барои дупула гап бо як писар ҷудо шудам. Ба хотири алимент надодан шавҳарам кӯдакро аз дастам кашида гирифтанӣ шуд. “Ҳамон алимент саратро хӯрад” гуфта писарчаамро гирифта ба Русия омадам, то кор карда, зиндагии худу фарзандамро пеш барам. Писарчаам Эҳсонҷон шашсола аст. Бояд аз Маскав ба Сочи парвоз мекардем, вале ба бозор либосхарӣ даромадаму Эҳсонҷонам якбора гум шуд. Имрӯз ҳашт рӯз аст, ки хуни ҷигар шуда бача кофта истодаам. Худоё, ин чӣ рӯзи сахте буд, ки ба сарам омад?! Эҳсонҷонамро наёбам, падару модарам аз баҳрам гузашта маро оқ мекунанд…”

Он рӯз ҳамроҳи он зани бадбахт то соати 12-и шаб писарчаи шашсолаашро кофтем, вале Эҳсонҷонро аз ягон ҷо ёфта натавонистем. Ҷавонзан “маро оҳи дили хушдомани нобиноям гирифт” гӯён, зор-зор нола  мекард. Дилам аз гиряҳояш об мешуд, вале ҳарчанд кӯшиш намудам, ба ин модари хунинҷигар кӯмак карда натавонистам. Писарчаашро гӯё замин фурӯ бурда бошад, касе ӯро надида буд. Аксҳои Эҳсонҷонро ба кадом роҳгузаре, ки нишон медодем, китф дарҳам кашида гузашта мерафт. Медонам, ки “Оила”-ро муҳоҷирон бисёр мехонанд, аз ҳамин хотир бо умед ба саҳифаи “муҳоҷир” муроҷиат намудам, ки шояд ягон кас ин кӯдаки гумшударо дар ҷое дидаасту нишониашро мегӯяд. Илтимос, ба ин зани фарзандгумкарда ёрӣ расонад, вагарна дар мулки бегона аз бачакобӣ ва гиряву нолаи бисёр аз по афтида мемирад.

Сарварой, муҳоҷир, аз ш. Москва

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *