Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаву фабрикаҳо
Корхонаро чӣ тавр бо хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ таъмин кардан мумкин аст, агар он аз шаҳр дур бошад? Роҳи ҳалро МегаФон Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Рушди инфрасохтор ба оператор имкон медиҳад, ки мизоҷони корпоративиро ҳатто дар ноҳияҳои душворгузар пайваст намояд. Дар бораи он ки алоқаи овозӣ ва интернети босуръати 4G чӣ тавр дар корхонаҳои дурдасти Тоҷикистон пайдо мешаванд ва киҳо аз ин хизматрасониҳо истифода мебаранд, маълумот медиҳем.
Чӣ тавр?
Барои иншоотҳои дурдаст кормандони алоқа имкониятҳои гуногуни техникӣ доранд. Яке аз онҳо – насби пойгоҳи базавӣ (ПБ) дар ҳудуди фармоишгар мебошад. Агар дар наздикӣ хати интиқоли нерӯи барқ мавҷуд набошад, оператор манбаъҳои алтернативии нерӯ – аккумуляторҳо, генераторҳои дизелӣ, батареяҳои офтобиро истифода мебарад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шояд мушкилоти дастраскунии таҷҳизот ба макони насбкунӣ ба амал ояд. Аммо дар ин ҷо низ муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таҷрибаи зиёд доранд – ҳангоми набудани роҳҳо ҳайвонҳои боркаш ё чархболҳо истифода бурда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо таҷҳизот ба кӯҳҳо ба таври дастӣ бурда расонида мешавад. Натиҷа – ҳатто дар душворгузартарин мавзеъҳо хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ пайдо мешаванд, ки равандҳои тиҷоратии мизоҷони корпоративии операторро дастгирӣ менамоянд.
Кӣ?
Ҳар як минтақаи кишвар мисолу намунаҳои худро дорад. Ҳамин тариқ, дар НТМ МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавиро барои Ширкати Алюминийи Тоҷик дар Турсунзода ва инчунин барои корхонаҳои истихроҷи тилло “Заринк” ва “Пакруд” насб кард. Нахустини онҳо дар Тавилдара воқеъ буда, барои расидан ба он беш аз 300 километр маҳалли бероҳро тай кардан лозим аст. “Пакруд” дар дараи Ромит ҷойгир буда, барои наздик шудан ба он зиёда аз 150 километр роҳи кӯҳиро тай кардан зарур меояд. Бо вуҷуди ин, ҳоло дар ин минтақаҳои душворгузар хизматрасониҳои алоқа мавҷуданд.
Дар вилояти Суғд ПБ чанде пеш дар бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло “Зарафшон” дар Панҷакент насб карда шуд. Зиёда аз 2 000 корманд ба интернети мобилӣ ва алоқаи овозӣ аз рӯи технологияи VoLTE дастрасӣ пайдо карданд, ки барои анҷоми зангҳо бидуни тарки шабакаи 4G имкон медиҳад. Инчунин пойгоҳҳои базавӣ барои корхонаҳои “Талко-Голд” ва “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” насб карда шуданд.
Дар вилояти Хатлон МегаФон Тоҷикистон корхонаи кимиёвии ҶСК “Азот”, корхонаи Минтақаи озоди иқтисодиро дар Данғара бо хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ таъмин намуд. Дастрасӣ ба интернети баландсуръат ба фабрикаҳои нассоҷии МОИ имкон дод, ки бо шарикон дар Чин робитаи доимиро ба роҳ монанд.
Дар ВМКБ пойгоҳҳои базавии оператор дар Ишкошим ва Дарвоз кормандони ширкатҳои чиниро, ки ба сохтмони роҳҳо ва коркарди литий барои аккумуляторҳо машғуланд, бо хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ таъмин менамоянд. Бакордарории ПБ иқдоми муҳим барои рушди инфрасохтори минтақа гардид, зеро пештар дар ин мавзеъҳо алоқа умуман вуҷуд надошт.
МегаФон Тоҷикистон – хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ барои тиҷорат дар дилхоҳ ноҳияи кишвар!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ