Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ақибнишинии Толибон дар Бағлон

Даргирӣ миёни Толибон* ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шудааст

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷангиёни Толибон* дар вилояти Бағлон зарба задаанд, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, даргирӣ миёни нерӯҳои ҷабҳа ва ҷангиёни Толибон* рӯзи якшанбеи 12 сентябр рух додаанд.

“Субҳи имрӯз дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон* бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд”, – навиштааст ТАСС аз қавли манбааш.

Назари Толибон* феълан дар мавриди ин хабар маълум нест.

Бағлон вилояти ҳаммарз бо Панҷшер мебошад, ки қаблан низ нерӯҳои мардумӣ дар он Толибонро водор ба ақибнишинӣ карда буданд.

Аз ҷумла охири моҳи август дар пайи хезиши мардумӣ вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди Толибон* бозпас гирифта шуда буданд, аммо ин созмон бо равон кардани нерӯҳои бештар ин минтақаро дубора ғасб кард.

Нерӯҳои Чабҳаи миллии муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, хатти дифоии онҳо дар Панҷшер бо ҷалби ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои махсуси Покистон шикаста шуд ва бинобар ин тасмим гирифтаанд, ки ба ҷангҳои чирикӣ гузаранд. Нерӯҳои муқовимат мегӯянд, муборизаро барои озодию адолат ва ташкили як давлати муътадили исломӣ бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақшору ақвоми Афғонистон, идома медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.