Абу Муҳаммади Хуросониро дар Истамбул дастгир карданд

Мақомоти Туркия эълон карданд, ки гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Reina шаби 16 ба 17 январ дар маҳаллаи Эсенюрти Истанбул боздошт шудааст. Як ҳафта пеш пулиси Истанбул гуфта буд, гумонбари ҳамла Абдуқодир Машарипов, маъруф ба «Абу Муҳаммад Хуросонӣ«, шаҳрванди 29-солаи Узбекистон ва узви гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ«-ст.

 Ҷузъиёти боздошти «Абу Муҳаммад Хуросонӣ» дар ҳоли ҳозир дастрас нест, аммо баъзе аз вебсайтҳои маъруфи Туркия, аз ҷумла Ҳуррият ва NTV аксу видеои баъди боздошти ӯро ба намоиш гузоштанд. Мақомоти Туркия гуфтаанд, ки гумонбар барои бозпурсӣ ба раёсати амният интиқол ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 16 январ мақомоти пулиси Истанбул гуфтанд, ин шаҳрванди Узбекистон барои анҷоми ҳамла ба клуби Reina 150 ҳазор доллар гирифта, вале ба далели амалиёти густурдаи ниҳодҳои интизомӣ худаш ва ин миқдор пулро натавонистааст аз Истанбул берун барад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *