“Баландиҳои Трамп” дар Баландии Ҷавлон

Дар Баландии Ҷавлони таҳти назорати Исроил маҳале, ки қарор аст макони аҳолинишин бунёд шавад, “Баландии Трамп” номгузорӣ шуд.

Дар Баландии Ҷавлони таҳти назорати Исроил маҳале, ки қарор аст макони аҳолинишин бунёд шавад, “Баландии Трамп” номгузорӣ шуд.

Ин минтақаи ишғолӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико расман ҳудуди Исроил эътироф гардид.

Бино ба гузориши нашрияи амрикоии The Washington Post, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 16 июн дар маросими ифтитоҳи нишони ёдгорӣ дар Баландии Ҷавлон ин ҳодисаро рамзи тавсеъаи равобити Амрико ва Исроил унвон кард.

Баландии Ҷавлон ҳудуди Сурия ҳисоб ёфта ва  дар ҷараёни “Ҷанги шашрӯза” дар моҳи июни соли 1967 аз ҷониби Исроил ишғол гардид.

Масоҳати ин минтақа 1150 километри мураббаъро ташкил дода ва дар соли 1981 бар асоси қарори Кнессет-парлумони Исроил ҳудуди ин кишвар эълон шуд. Аммо Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин минтақаро ишғолӣ мехонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *