Бародари Президенти Тоҷикистон – Нуриддин Раҳмон аз олам даргузашт(Видео)

Имрӯз- 7 октябр дар синни 69  солагӣ бародари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон аз дунё баргузашт. Мавсуф  падари серфарзанд буда, як умр масруфи деҳқонӣ буд. Ӯ ҳануз замони Шӯравӣ нони худро ба шарофати касби механизаторӣ пайдо мекард. Як бародари дигари ӯ дар  хизмати аскарӣ дар сафи урдуи Шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифа дар Ҷумҳурии Украина ҳалок гардида буд. Нуриддин фарзанди бузурги хонадон буд ва баъди фавти падар раҳнамоии оиларо ба дӯш дошт.

Ҳолдонон мегӯянд, ки ӯ аз нигоҳи потенсиали ақли имкони дар мақомҳои хеле баланд фаъолият кардан дошт. Вале ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ нарафт ва маскани сукунат ва кор Данғара ва деҳқониро ихтиёр намуд.

Солҳои охир мавсуфро бемории қанд азият медод. Вале имрӯз паймонаи умр ба охир расида буд, ки ӯ ёрон ва наздиконро тарк гуфт.

Ҷасади ӯро ин лаҳза аз Тоҷикобод (ба ин минтақа сафар дошт) тавассути чархбол ба Данғара оварданд. Маросими дафни Нуриддин Раҳмонов фардо, соати 13.00 дар Данғара баргузор мегардад.

Ӯ дар чанд видео дар канори Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шудааст.

Аз ҷумла дар як видео дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рӯи кат ҳамроҳи бародараш Нуриддин Раҳмонов нишастаанд ва ёди даврони кӯдакии худ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ёди рӯзҳое мекунад, ки бародари онҳо дар хидмати ҳарбӣ даргузашт ва «падару модари ман ҷасади бародарамро оварда натавонистанд. Аз камбағалӣ, аз ноилоҷӣ. Ва касе ҳам кумак накард ва дар ҳамонҷо ба хок супориданд.”

Ду бародар сипас ёди модарашон мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла мегӯяд: «Бисёр чапотии қағотӣ мепухтанд. Таҳмоли хуб мекарданд. Ширро меҷӯшонданд, меоварданд дар табақ мерехтанд, ширу дар дарунаш камтар маска. Нонро ё фатирро реза мекарданду камтар дӯғ мерехтанд. Дар назарам аз он дида ширинтар чизе набуд. Ё ки дигар чизи хӯрдан набуд?”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *