Борис Ҷонсон сарвазири Бритониё шуд

Борис Ҷонсон, вазири хориҷии собиқи Бритониё ва аз тарафдорони сарсахти Брекзит сарвазири ин кишвар шуд.

Борис Ҷонсон, вазири хориҷии собиқи Британияи Кабир ва аз тарафдорони сарсахти Брекзит сарвазири ин кишвар шуд.

Борис Ҷонсон, рӯзи сешанбе, 23 июл дар интихоботи дохилии Ҳизби муҳофизакор бар Ҷереми Ҳант, вазири корҳои хориҷии кунунӣ пирӯз шуд ва тавонист ҷойгузини Тереза Мэй, сарвазири мустаъфии Бритониё шавад.

Дар марҳилаи ниҳоии интихоботӣ нахуствазир ва раҳбари Ҳизби муҳофизакори Бритониё Ҷонсони 55-сола дар овоздиҳӣ аз 160 ҳазор аъзои ин ҳизб бештар аз Ҳант овоз ба даст овард. Ҷонсон аз тарафдорони сарсахти Брекзит ба шумор меравад ва гуфтааст, ки 31 октябр ҳатто бидуни созиш Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Борис Ҷонсони 55-сола рӯзноманигор, сиёсатмадор ва таърихнигори англис аст, ки аз соли 2008 то соли 2016 ба унвони шаҳрдори Лондон фаъолият мекард ва аз 2015 намояндагии маҷлиси Англияро ба уҳда дорад.

Ҷонсон аз июли соли 2016 вазири хориҷии кобинаи Тереза Мэй шуд, аммо ду сол баъд ба сабаби ихтилоф бо Тереза Мэй бар сари чигунагии хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо аз симматаш истеъфо дод.

Мавриди зикр аст, ки Борис Ҷонсон дар маҷаллаи The Spectator ҳамчун таҳлилгари сиёсӣ ва сипас ҳамчун муҳаррир кор кардааст. Соли 2008 баъд аз мухолифат бо Тереза Мэй ба журналистика баргашт ва барои нашрияи Daily Telegraph кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *