Додогоҳ президентро барканор кард

Додгоҳи Қонуни асосии Куриёи Ҷанубӣ раъйи парлумони ин кишварро дар бораи бозхонди президент Пак Кин Хе таъйид кард ва ба ин тартиб, ӯро расман аз мақоми президентӣ барканор намуд.

Барканории раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар пайи ифшои парвандаи дахолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ҷонибдорони Пак Кин Хен зидди қарори Додгоҳи конститутсионӣ эътироз карданд. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар ин эътирозҳо ду иштирокчӣ кушта шудааст. Давоми 60 рӯзи оянда дар Куриёи Ҷанубӣ бояд интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир шавад.

Пак Кин Хен аз ҷумлаи сиёсатмадорони муҳофизакори Куриёи Ҷанубист, ки тибқи анъана, ин сиёсатмадорон ҷонибдори ҳамкориҳои зич бо ИМА ва зидди Куриёи Шимолӣ ҳастанд. Барканории Пак Кин Хен метавонад боис шавад, ки сиёсатмадорони чапгаро сари қудрат биёянд. Ин сиёсатмадорон ҳаводори ҳамкорӣ бо Куриёи Шимолӣ ҳастанд ва мавқеи Чинро дар масъалаи нигаронӣ аз густариши ҳузури ИМА дар минтақа пуштибонӣ мекунанд.

Пак Кин Хе ва ёвари наздики вай мумкин аст дар гирифтани пора дар ҳаҷми даҳҳо миллион доллар аз ширкати Самсунг ва корхонаҳои дигари Куриёи Шимолӣ айбдор шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *