Эмомалӣ Раҳмон дар Франсия аз «кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан мекунад

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо идома дорад

Шоми 12 октябр Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми боздидаш аз Белгия ва мулоқоташ бо мақомдорони ин кишвар, озими Фаронса шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ аз Брюссел ба Фаронса рафт.

Дар миёни мақомдороне, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ зикр гардидаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса аз 12 то 14 октябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавияш Эммануэл Макрон масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистону амнияти минтақаро баррасӣ намояд.

Зимни ин сафар дар Порис Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме» ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *