Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Гулен шуришчии №1 дар Туркия?

Дар Туркия тақрибан 6 ҳазор низомиён ва хихматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуданд.

Расонаҳои  Туркия дирӯз  бо такя ба иттилои вазири адлияи Туркия Боқир Боздоғ хабар доданд, ки “поксозӣ” дар ҳайати фармондеҳии артиш ва додгоҳҳо ҳам идома хоҳад кард. Ба гуфтаи вазир, дастури боздошти додрасу додситонҳое, ки дар кудатои шаби 15 июл даст доранд, ироа шудааст.

Бино ба иттилои ахири расмӣ, дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиёни турк 265 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз ин пеш рӯҳонии  турк Фатҳуллоҳ Гулен иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Туркияро рад кард. Фатҳуллоҳ Гулен, ки аз соли 1999 ба ин сӯ дар ҳиҷрат дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад, шоми 16 июл ба хабарнигорон гуфт, аз кудатои низомӣ дарак надошт ва ҳама гуна талошҳои аз роҳи зӯрӣ соҳиби қудрат шуданро маҳкум мекунад.

Сӯҳбати Фатҳуллоҳ Гулен бо хабарнигорон дар маркази исломӣ баъд аз он баргузор гардид, ки президенти  ТуркияРаҷаб Тайиб Эрдуғон ӯро дар ташкили табаддулоти давлатӣ айбдор намуд.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.