Идрисов ва Аслов дар Тошканд вохурданд

Дар Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон — Сироҷидин Аслов ва Ерлан Идрисов баргузор гардид.

Сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот масоили мавриди тавааҷҷӯҳи дуҷонибаи кишварҳои минтақа ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили мавриди нигаронӣ дар саҳнаи байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар Тошканд ҷараён мегирад, дар пойтахти Ӯзбакистон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *