Коҳинон: Ӯ дар курсии мансаб ҷон медиҳад. Магар ин гуфта рост аст?

Замони сари қудрат омадани Ҷо Байден чанд коҳин (ғайбдон) оид ба тақдиру қисмати ӯ фол дида буданд. Натиҷаи он чунин буд, ки Ҷо Байден дар курсии мансаб ҷон ба ҷонофарин арзонӣ медорад. То чи андоза ин пешгӯи асос дорад , касе огаҳ нест. Танҳо як чиз мусаллам аст, ки шояд онҳо аз мубтало ба бемории саратон будани ӯ огоҳӣ доштанд, ки чунин ҳадс заданд. Ва дар бистари беморӣ қарор доштану ҷарроҳӣ шудани Президенти Амрико то андозае ин пешгӯии коҳинонро ба ҳақиқат бадал мекунад…ва Аммо…

Кохи сафед хабар дод, ки саломатии сарвари Амрико Ҷо Байден баъди ҷарроҳӣ хуб аст

Президенти ИМА Ҷо Байден, ки гирифтори саратон будааст, аллакай ҷарроҳӣ шуд, хабар медиад РИА Новости.

Пизишкон мегӯянд, саратони ӯ ҳарчанд хатарзо набуд, вале ба далели варамӣ онро ҷарроҳӣ намуда гирифтанд. Ба гуфтаи табиби Кохи сафед, О’Коннор саратони Ҷо Байден ҳамчун аденомаи 3 мм буда, ҳоло дахолатҳои минбаъдаро талаб намекунад.

Ҷо Байден, ки 79 сол дорад, ҳафтаи гузашта аз муоинаи тиббӣ гузашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки вазъи саломатияш ба ӯ имкон медиҳад, ки вазифаҳои роҳбари давлат ва Сарфармондеҳи Олиро бидуни маҳдудият иҷро кунад.

Ҳоло ба Байден «назорати муқаррарӣ» тавсия додаанд ва пас аз 7-10 сол бояд дубора аз колоноскапия гузарад.

президент Камале Ҳарии

Зикр гардид, ки дар замони ҷарроҳӣ шудан ӯ тамоми масъулияти худро ба дӯши ноиби президент Камале Ҳариис вогузор намуда буд.

Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои ваколатҳо набаромадани раҳбари кунунӣ, президенти нави иёлот шавад.

Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократи ИМА буд.

Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.