Латифзода бидуни рақиб аз ҲАТ номзад ба президентӣ пешбарӣ шуд

Дар анҷумани 8-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки имрӯз, 15 август баргузор гардид,  Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод гардид.

Дар анҷуманиҲАТ  120 вакил иштирок доштанд. Номзадии раиси ҳизбро ҷонишини ӯ Зайниддин Сафаров пешниҳод кард ва Латифзода бе рақиб аз тарафи вакилон номзад интихоб шуд.

Масъулони ҳизб мегӯянд, ки рақобаташон дар интихобот ҷиддӣ мебошад.  Рустам Латифзода таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими марзҳо ва беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандонро аз мавзуҳои меҳварии худ ҳамун номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон унвон кард.

Ҳоло Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар парлумон соҳи 7 курсӣ мебошад. Рустам Латифзода баъд аз даргузашти муассиси ҲАТ Амир Қароқулов дар соли 2014, роҳбарии ҳизбро ба даст гирифт.

Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 6 август қарор қабул кард, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад. Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *