Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Масъалаи марз –меҳвари суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Имрӯз, 30-юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки сарони ду давлат рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадаро муҳокима карданд.

Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот доданд.

Зимни суҳбат инчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.