Мотами серӯза дар Ӯзбекистон

Ҳукумати Узбекистон даргузашти Ислом Каримовро баъди шаш рӯзи сактаи мағзӣ шуданаш тасдиқ кард. Президенти Узбекистон 78 сол дошт ва 27 сол дар сари қудрат буд.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбекистон рӯзи 2-юми сентябр эълон кард, ки бино ба васияти Ислом Каримов ҷасади ӯ тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супурда хоҳад шуд. Маросими видоъ ва дафни Каримов рӯзи 3 сентябр дар Самарқанд баргузор мегардад ва Узбакистон то 6 сентябр мотами миллӣ хоҳад дошт.

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбекистон Ислом Каримовро «шахсияти бузурги таърихӣ» донистаанд, ки «ба шарофати вай Узбекистон истиқлол ба даст оварда, рушд кард ва аз даҳшати ҷангу бесуботӣ дар амон монд». Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон низ шоми ҷумъа бо ирсоли паёме ба ҳукумати Узбекистон даргузашти Каримовро тасаллият гуфта марги ӯро талафоти ҷуброннопазир номидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *