Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Назарбоев аз асп фаромада бошад, ҳам аз узангу не

Ва ё чаро дар ин Конфронс Тоҷикистон ширкат надошт???

Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Назарбоев ба мақоми раиси Шӯрои хирадмандон пешниҳод шуд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷаласаи ҳайати «Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё» баргузор шуд. Дар он вазирони умури хориҷии Баҳрайн, Белорус, Ҳиндустон, Қатар, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон ва вазири сайёҳии Исроил иштирок доштанд.

Дар ин ҷаласа Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев суханронии тӯлоние намуда, дар рафти баромадаш аз он  ҷумла пешниҳод кард, ки президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои хирадмандон интихоб шавад.

«Барои худ ифтихор медонам, ки номзадии ташкилдиҳандаи Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ва президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба мақоми раисии Шӯрои хирадмандон пешниҳод кунам. Ҳамчунин дархости Қазоқистон барои раҳбарии конфронс дар солҳои 2022-2024-ро низ баён менамоям», — изҳор дошт Тоқаев.

 Тоқаев меафзояд, ки Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё бояд ба як созмони байналмилалӣ табдил дода шавад.

Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ҳамоиши кишварҳои минтақаи Осиё буда, ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳо ба хотири субот ва амният дар минтақа аст. Ин конфронс бо ташаббуси Назарбоев ташкил карда шудааст.

 Аммо ин ҷо шомил набудани Тоҷикистон дар ин Конфронс ҳамчун муаммо боқӣ мемонад? Модоме, ки конфронс конфронси минтақаи Осиё бошад пас чаро Тоҷикистон аз нигоҳи ин “раиси хирадмандон” берун мондааст?  Ҳадафи ин Конфронс канора гузории Тоҷикистон аст? Ва ё чизи дигаре?!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.