Путин марги СММ бо чашми худ дид

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шарҳ дод, ки чӣ гуна бояд дар Созмони Милали Муттаҳид ислоҳот ворид кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” таъкид кард, ки бо Эрдуғон розӣ нест ва ҷонибдори ҳифзи ҳуқуқи ветои аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ аст.

Раҳбари Русия тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир барои ислоҳи СММ роҳҳои зиёде мавҷуданд.

«Агар мо ҳуқуқи ветои аъзои доими СММ-ро аз байн барем, ин созмони байналмилалӣ худи ҳамон рӯз мемирад»,- гуфт роҳбари давлати Русия.

Путин бо шухӣ гуфт, ки дар ин сурат СММ ба «Лигаи миллатҳо”, майдони мубоҳисавии бошгоҳи “Валдай”-2» табдил хоҳад ёфт.

Роҳбари Русия инчунин қайд кард, ки набояд дар ислоҳоти СММ ба хато роҳ дод.

Коршиносони рус баъзе нуқтаҳои нутқи Путинро дар ҷаласаи клуби «Валдай» таҳлил карданд

Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Клуби мубоҳисавии «Валдай» гуфт, ки тартиб додани феҳристи мушкилот ва таҳдидҳо дар сатҳи СММ арзанда аст ва бояд мутахассисон аз кишварҳои гуногун ба ин кор ҷалб карда шаванд.

Раҳбари Русия ҳамчунин қайд кард, ки қарорҳои гуногун оид ба ислоҳоти СММ имконпазиранд, аммо агар аз вето даст кашанд, созмон дар ҳамон рӯз мемирад.

Анатолий Капустин, президент ва узви кумитаи иҷроияи Анҷумани ҳуқуқи байналмилалии Русия, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, андешаи Путинро бениҳоят оқилона номида, тахмин зад, ки он дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.

Коршинос қайд кард, ки бисёр соҳаҳо идоракунии возеҳи ҷаҳонӣ надоранд.

Агар ҳалли чунин мушкилоти глобалӣ ба сатҳи умумиҷаҳонии СММ расонида шавад, пас дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ «рӯйхати чораҳоеро барои муқобила бо ин таҳдидҳо таҳия карда, ба мушкилоте, ки имрӯз вуҷуд доранд, ҷавоб ёфтан» имконпазир хоҳад буд, илова кард Капустин.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии Русия оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва дипломатияи ҷамъиятӣ Сергей Орджоникидзе шарҳ дод, чаро СММ мемирад, агар вето аз созмон хориҷ карда шавад.

«Он мемирад, зеро маънои ҳуқуқи вето нигоҳ доштани тавозуни қувваҳост»,- қайд кард коршинос.

Орджоникидзе қайд кард, ки ба он чизҳое, ки барои Русия қобили қабул нест, вето гузоштан мумкин аст, аз қабили қатъномаҳои дорои хусусияти ҳатмии Шӯрои Амният, ки аз ҷумла истифодаи зӯрро дар бар мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *