Раиси шаҳри Кӯлоб иваз шуд. Бахтиёр Назарзода кист?
Як манбаъ аз мақомоти шаҳри Кӯлоб ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки Вализода Абдулқодир аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод шудааст.
Ба ҷой ӯ Назарзода Бахтиёр раиси ин шаҳр таъин шудааст. То ҳол маълум нест, ки Вализода Абдулқодир ба кадом вазифа таъин шудааст. Аммо Бахтиёр Назарзода то имрӯз сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд.
Назарзода Бахтиёр Худоёр, 1-июли соли 1969 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Ӯ солҳои 1991-2003 дар ду давра Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Ҳамчунин соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ хатм мекунад. Аз соли 2000 то соли 2010 Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, аз соли 2010 то инҷониб Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.
Фаъолияти кориро дар идораҳои гуногуни давлатӣ аз соли 1991 шуруъ кардааст. Соли 2004-2006 сардори шуъбаи молияи шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то 2016 сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 2016-2018 муовини сардори Сарраёсат, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст. Аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ