Чанд тағйироти кадрӣ дар Хатлон (ном ба ном)

Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намудааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намудааст
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, Қурбон Ҳакимзода бо кадрҳои навтаъйин имрӯз мулоқот кардааст.

Раиси вилоят қайд кард, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти мамлакат Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд – муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мӯсозода Абдухолиқ – муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ибодуллозода Асадулло Ибодулло — муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Идигул Маҳмадшариф — муовини раиси ноҳияи Хуросон таъйин шуданд.
Ҳамзамон, Мирзозода Алӣ Мирзо — муовини раиси ноҳияи Хуросон, Раҷабзода Алишер — муовини раиси ноҳияи Ёвон, Маҳмадализода Гулҷаҳон Раҳимҷон — муовини раиси ноҳияи Вахш, Вализода Қурбон Бобохон — муовини раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Наргис Саидӣ — муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд.
Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят намудааст.
“Қайд гардид, ки дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақту сифатнок таъмин намоем”,- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки кадрҳои тозатаъин дар сатҳи маҳал бояд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешбурди корҳои идеологӣ, равнақи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву хуррамгардонӣ тамоми донишу таҷрибаашонро самаранок истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *