Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав бо чӣ хотима ёфт?

Сафари навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, ки дар рӯзҳои таҷлили 76-солагии  Рӯзи  ­Ғалаба сурат гирифт, аз нуктаи назари коршиносон муҳим арзёбӣ шуд. Президенти Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи танишҳои марзӣ бо Қирғизистон, дар ҳоле ба Москва парвоз кард, ки Амрико хоҳиши ворид кардани нерӯҳояшро ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон дорад.

Меҳмони №1 -и Путин

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли равон ягона меҳмони олиқадри Паради низомӣ, бахшида ба 76 –солагии  таҷлили Ҷашни Ғалаба дар Майдони сурхи Москва буд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин сурат гирифт. Дар рафти ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Путин мулоқоти дуҷониба анҷом дод.  Инчунин, Президенти Тоҷикистон ба ҳайси раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) як қатор масъалаҳои марбути ин ниҳодро бо Путин мавриди баррасӣ қарор дод.

Расонаҳо сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Москва ба бархӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки  28-29 апрел сурат гирифт, рабт доданд, вале Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия изҳор дошт, ки тавофуқот барои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав як моҳ қабл, пеш аз танишҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳосил шуда буд.

Масъалаи №1 – муҳоҷират

Дар меҳвари мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мавзӯи муҳоҷират қарор дошт. Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш гуфт, бидуни шак, масъалаи муҳоҷират муҳим аст ва ҳассосияти онро барои Тоҷикистон медонад.

“Албатта, масъалаи муҳим, ки шумо ҳамеша онро матраҳ мекунед, ин масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Медонам, ки ин як масъалаи ҳассос барои Тоҷикистон аст. Мо ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳем, то одамон худро роҳат ҳис кунанд. Алалхусус ҳозир, ки дар бархе соҳаҳои иқтисодиёт коргар намерасад”, – изҳор дошт Путин.

Таъкиди Путин дар ҳолест, ки чанде пеш мақомдорони рус аз будубоши 200 ҳазор муҳоҷири тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия изҳори нигаронӣ карда буданд. Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик то 30 июн муҳлат дод, ки будубош ва корашонро дар Русия ба расмият дароранд.  

Пас аз пандемияи короновирус иқтисоди Русия ба чолиш гирифтор аст ва барои ба вазъи маъмулӣ баргаштан дар ин кишвар қувваи корӣ намерасад. 

Ҳамчунин, зимни ин мулоқот Президенти Русия аз коҳиши тиҷорат миёни ду кишвар нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки он дубора рушд хоҳад кард, чун заминаҳо барои ин ҷой доранду лоиҳаҳои хубро рӯи даст гирифтаанд.

Мушкили №1 – Афғонистон

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мавзӯи Афғонистон низ матраҳ шуд. Президенти Русия зимни мулоқот назари Президенти Тоҷикистонро дар мавриди он пурсид, ки рушди минбаъдаи вазъ дар Афғонистонро чӣ гуна мебинад?

Эмомалӣ Раҳмон дар посух изҳор дошт, ки масъалаи рақами яки минтақавӣ эълони ИМА барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон мебошад.

“Онҳо амалан беш аз ними неруро берун карданд ва дарҳол баъди ин эълон вазъият дар дохили Афғонистон шиддат гирифт”, – посух дод Эмомалӣ Раҳмон.

Владимир Путин гуфт, ки таҳкими нерӯи пойгоҳи низомии 201 ва артиши Тоҷикистонро идома хоҳанд дод ва талош мекунанд, барномаи қабулшуда дар ин маврид саривақт иҷро гардад.

Муаммои №1 – ҳузури ИМА дар ОМ

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи Афғонистон табиист, зеро ҳудуди 60 дарсади сарҳади собиқ шӯравӣ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд, ки қисми зиёди он шароити мураккаби кӯҳист.

Ҳамчунин, дар авохир ИМА аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон талаб кард, ки муддате нерӯҳояшро дар Осиёи Марказӣ “меҳмон” кунад.  Аксари коршиносон бар онанд, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти сарони Русия ва Тоҷикистон ҳузури неруҳои ИМА дар Осиёи Марказӣ буд, вале дар ахбороти расмӣ ҳарфе дар ин мавзӯъ нест.  (муфассал ниг. ба саҳ.4)

Мавзӯи №1 – марз

Русия ҳамчун “бародари калонӣ”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ин авохир шоҳиди низоъи мусаллаҳона гардид, бетараф нест.

Аз оғози ин муноқишаҳо мақомдорони Москва омодагии худро барои иҷро кардани нақши миёнрав изҳор карда буданд. Владимир Путин низ борҳо ишора бар он кардааст, ки омода аст ба Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин қазия кумак кунад. Вале Тоҷикистон дахолати кишвари сеюмро ба ин қазия намехоҳад.  

Эмомалӣ Раҳмон дар Москва вақте мавзӯи марз матраҳ шуд ба Путин гуфт, ки Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.  

Эътирофи №1 – саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ

Нуктаи ҷолиб ва хушоянди сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Москва ширкат дар паради низомӣ ва зери навои Суруди миллии Тоҷикистон, ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум дар боғи Александров гузоштани гулчанбар буд.

Дар наворҳо дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин раҳораҳ суҳбати самимӣ мекарданд, зеро ду роҳбар имкони бештари гуфтугӯ доштанд.

Телевизионҳои Русия, ки паради низомиро мустақим шарҳ медоданд, дар мавридиТоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон ва муносибати Русияву Путин ба кишвари мо ҳарфҳои хуб мегуфтанд. Бахусус, нишон додани нақши Тоҷикистон дар ҶБВ хушоянд буд.

“Аз Тоҷикистоне, ки он замон 1, 5 миллион аҳолӣ дошт, 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, наздики 100 ҳазор нафар барнагаштанд. Беш аз 50 ҳазор тоҷикистониҳо барои корнамоиҳо дар ҷанг мукофотонида шуда, зиёда аз 60 нафар унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Яъне, ин Ғалаба ғалабаи муштараки мост.” – мегуфт шореҳи телевизион.

…Ва

Оё Осиёи Марказӣ мизбони неруҳои ИМА мешавад? Ин асоситарин суоле аст, ки пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар зеҳни ҳар нафар пайдо мешавад. Ва ин суолест, ки посухи онро вақт хоҳад гуфт.

Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.