Сафари вазири хориҷаи ИМА ба кишварҳои пасошӯравӣ ба таъхир афтод

Дар пайи ҳамла ба Сафорати Амрико дар шаҳри Бағдоди Ироқ сафари Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии ИМА ба кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба муддати номаълум ба таъхир афтод.

Интизор мерафт, Майк Помпео дар авоили моҳи ҷорӣ аз Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қибрис дидан кунад.

 Зимнан, рӯзи 31 декабр мардуми тарафдори гурӯҳи «Ҳашд Аш-Шаъб» дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳи ин гурӯҳи ниманизомии шиъа ба Сафорати Амрико дар Бағдод ҳамла карданд.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико дар рӯзи 29 декабр дар Ироқ 25 узви ин гурӯҳи ниманизомӣ кушта шуда ва 55 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико Эронро дар ҳимоят аз ҳамлагарони Сафорати ИМА дар Бағдод муттаҳам кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *