Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳраки Аҳмадшоҳ дар Душанбе имконпазир аст?

Дар шаҳри Париж маҳаллеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон гузошта, лавҳи ёдгорӣ насб карданд. Дар Тоҷикистон солҳост пешниҳоди гузоштани хиёбоне ба номи Шери Панҷшер, ки дар раванди сулҳи тоҷикон нақши муассир дошт, матраҳ мешавад, вале аз ҷониби ҳукумати кишвар тасмиме дар ин самт гирифта нашудааст.

Хиёбони Масъуд дар Париж

Дар маросими бардоштани парда аз лавҳи хиёбоне, ки ҳамакнун номи Аҳмадшоҳи Масъудро дорад, Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури пешини Афғонистон, Абдулло Абдулло, Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ва теъдоде аз мансабдорони Париж иштирок доштанд. Ин чорабинӣ санаи 27 март доир шуд.

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, аз иқдоми мақомдорони Фаронса дар Твиттер сипосгузорӣ кард ва гуфт, ин номгузорӣ баробар бо бистумин солгарди сафари падараш ба Фаронса аст. Мавсуф зикр кард, ки хонаводаву кишвараш ин арҷгузории Фаронсаро фаромӯш нахоҳанд кард.

Пас аз маросими зикршуда Аҳмад Масъудро Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Қасри Елисей ба ҳузур пазируфт. Фарзанди Шери Панҷшер ба Эммануэл Макрон расми падари худро тақдим кард.

Оқои Масъуд дар Твиттер ба Президент ва ҳукумати Фаронса барои номгузории маҳаллии Аҳмадшоҳи Масъуд ташаккур гуфт. Вай, инчунин, навиштааст, ки бо ҷаноби Макрон дар бораи вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар истиқрори сулҳ дар ин кишвар гуфтугӯ кардааст.

Атри Масъуд дар Аморат

Ширкати маъруфи арабӣ ба номи “Ғизол” (Ghazal) шишаи атреро аз таркиботи муаттаре ба номи “Аҳмадшоҳи Масъуд – Қаҳрамони миллӣ” тавлид намудааст.

Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, ки “аз иқдоми арзишманд ва арҷманди компании “Ғизол” барои бузургдошти номи Аҳмадшоҳи Масъуд қадрдонӣ менамоем”. Вай афзуд, тавлиди шишаи атрӣ дар Аморот ба номи Масъуд ё ба ёди Масъуд, ҳама гувоҳи ин аст, ки инсонҳои бузург мероси муштараки ҷаҳони инсониятанд.

“Умед дорем ин ибтикороти фарҳангӣ барои густариш ва   сохтани омӯзаҳои мондагори Аҳмадшоҳи Масъуд дар шаклҳо ва гунаҳои мутанаввеъ дар саросари ҷаҳон идома ёбад, ки ҳама боиси сарафрозии Афғонистон мебошанд”, – гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.

Рӯйи шишаи атру қуттии “Аҳмадшоҳи Масъуд – Қаҳрамони миллӣ” дизайни зебои акси Масъуд бо рангҳои гуногун ба гунаи сохтори шиканона тарроҳӣ гардидааст. Як сафҳаи маълумотӣ дар мавриди Қаҳрамони миллӣ ба забон форсӣ ва англисӣ низ замимаи ин баста мебошад.

Наполеони Афғонистон

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯзгор ва корнамоиҳои Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон зиёд мешавад. Қабл аз номгузорӣ шудани ҷодае ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Порис ва ба бозор роҳ ёфтани атри “Аҳмадшоҳи Масъуд – Қаҳрамони миллӣ”, соли гузашта дар китобе дар Лондон ба номи “Наполеони Афғонистон” ба чоп расид ва маҳаллае ҳам дар Исломобод ба номи ӯ гузошта шуд.

Хомӯшӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба Аҳмадшоҳи Масъуд зиёд аст. Ӯро дар радифи қаҳрамонони миллии худамон  дӯст медоранд ва ба корномаҳояш арҷ мегузоранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар раванди сулҳсозии Тоҷикистон вохӯрдаву аз пуштибонии ӯ бархӯрдор будааст, дар суханрониҳояш ҳамеша аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба некӣ ёд мекунанд. Дар ҳамин авохир, зимни мулоқоти хеш бо Ашраф Ғанӣ низ Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки хизматҳои Масъудро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Эҳтироми Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон танҳо дар сатҳи давлатӣ нест. Шери Панҷшер миёни мардум низ маҳбубият дорад. Аҳли қалами Тоҷикистон дар мавриди Масъуди қаҳрамон зиёд навиштаанд, ки намунаи эътирофшудаи он достони “Масъуднома”-и шоири бузурги тоҷик Мӯъмин Қаноат аст.

Дар баробари тавсифҳо аз Аҳмадшоҳи Масъуд солҳои охир борҳо аз ҷониби аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст, ки дар Тоҷикистон хиёбонеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоранд.

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон ва коршиноси муътабари масоили Афғонистон мегӯяд, “гузоштани номи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддини Раббонӣ ба гулгаште, хиёбоне ва ё кӯчае дар Душанбе кори нек мешавад”.

Феълан Тоҷикистон мизбони ҳамоиши “ Қалби Осиё – Раванди Истанбул” аст, ки дар он масъалаи сулҳи Афғонистон матраҳ мешавад. Тавре ишора шуд, дар ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари кишвари мо бо муҳаббат аз Масъуд ёдоварӣ кард.

Умед дорам, ки дар идома Душанбе ба бародаршаҳри худ Париж пайравӣ мекунад ва дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти нозанини мо шаҳраке, хиёбоне, гулгаште ё ҷодаеро бо номи Аҳмудшоҳи Масъуд номгузорӣ менамояд. Бунёди чунин шаҳрак дар раванди сиёсати, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамеша Тоҷикистонро хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё арзёбӣ мекунад. Бигзор тоҷикони дунёро шаҳраки Аҳмадшоҳи Масъуд, ки умед аст дар пойтахти кишварамон бунёд мегардад, гирди ҳам меоварад.

Одил НОЗИР,”Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.