Шаҳри якчашма рафтӣ? Якчашма шав! Суҳбат бо Зафар Сайидзода

Суҳбати ихтисосӣ бо консули генералии ҶТ дар Екатеринбург Зафар Сайидзода

Порина, вақте Федератсияи Россия низ гирифтори пандемияи COVID-19 шуд, бино бар карантинҳои сахт ва бекор мондан, муҳоҷирони тоҷик азоби алим кашиданд. Басташавии сарҳадҳои заминию ҳавоӣ бисёре аз онҳоро ишкели по шуду ба Ватан ба таври озод рафта натавонистанд.

Охири баҳори соли 2021, чун дар Россия пандемия рӯ ба коҳиш ниҳоду иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон аз сар гирифта шуд, муҳоҷирони мо, ки дар хона аз бекорӣ сарҳисобро гум карда буданд, сарфи назар аз нархи дандоншикани авиачипта,  озими ин кишвар гаштанд. Аз ҷумла, ба минтақаи Урал, ки то коронавирус ин ҷо садҳо ҳазор ҳамватанонамон ризқу рӯзӣ меёфтанд. Дар соли дуюми ковидӣ кору рӯзгори муҳоҷирон чӣ гуна сурат мегирад? Аз ин хусус консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар САЙИДЗОДА чунин ҳикоят намуд.

COVID-19 рӯзгори урфиро билкул барҳам зад

— Зафар Шералиевич, вақте охири моҳи феврали соли 2020 Шумо дар мақоми нав – консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба кор шурӯъ намудед, дунёро коронавируси марговар фаро  мегирифт. Минҷумла, Россияро. Аз ин рӯ,  метавон гуфт, ки аз Тоҷикистони тинҷу ором гӯё якбора ба ҷабҳае  афтодед.

— Паҳншавии барқвори бемории нави вахим рӯзгори урфии одамонро билкул барҳам зад. Оғози фаъолияти банда, низ ба чунин вазъияти буҳронӣ рост омад. Дар баробари хизматгузориҳои маъмулии консулӣ масоили ёрии оҷил ба ҳамватанон, ҳалли мушкилоти онҳо бо сафарбарсозии созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистонӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мадди аввал баромаданд.

— Бино ба эътирофи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират, сангинтарин зарбаро пандемияи SARS-CoV-2 ба сари муҳоҷирон зад. Аз ҷумла, дар Россия. Эҳтимол минтақаи шумо низ истисно набуд. Дар чунин ҳолати ниҳоят вазнин ба онҳо аз ҷониби консулгарӣ чӣ имдоде расонда мешуд?

-Дар чунин як давраи мураккаб, хушбахтона, бо даъвату илтимоси мо соҳибкорону сарватмандони тоҷик аз раҳи ору номуси ҳамватанӣ ба ёрӣ шитофтанд. Аз 14 апрел то охири моҳи июни соли 2020 ширкатҳо, соҳибкорон ва эҳсонкорони тоҷик фақат дар шаҳри Екатеринбург ба зиёда аз 1000 шаҳрванди ниёзманди Тоҷикистон кумаки моддию молиявӣ карданд. Ҳамватанонамон дар роҳбарияти ширкати  россиягии  «Экономмаркет» бошанд, ба маблағи беш аз ним миллион рубл ёрии хайрия доданд. Созмони ҷамъиятии «Суғдиён» -и шаҳри Нижневартовск ба муҳоҷирони муҳтоҷ ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор рубл мадади моддию ғизоӣ расонд. Бо камоли сипос махсус зикр карданиям, ки бидуни истисно ҳама созмонҳои ҷамъиятии дар ҳудуди округи консулӣ фаъоли тоҷикон ниёзмандонро бо камоли ҳиммат дастгирӣ намуданд.

 Тавонистем ҳама шаҳрвандонамонро аз МБМ озод созем

— Соли гузашта барои консулгарӣ шояд мушкилтарин масъала ташкили парвозҳои чартерӣ барои ба Ватан фиристодани шаҳрвандонамон дар шароити қатъи иртиботи ҳавоӣ буд. Дар ин хусус чӣ гуфта метавонед?

— Сарфи назар аз душвории зиёд, мо тавассути роҳи ҳавоӣ аз тариқи тайёраҳои россиягӣ то охири моҳи июни соли 2020 садҳо  нафарро ба Ватан гусел кардем, ки 245 нафарашон то парвоз дар марказҳои боздошти муваққатӣ буданд. Пас аз муроҷиати сершумори камина ба мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар моҳҳои апрел – июн дар тамоми Округи федералии Урал ҳамаи онҳое, ки дар чунин марказҳо буданд, озод карда шуданд. Зимнан, на дар ҳама манотиқи Россия ҳамтоёни ман дар давраи карантини аввалӣ ин мушкили умдаро пурра ҳал карда тавонистанд.

Дуюним миллионро гирифта ғайб зад

-Зафар Шералиевич, дар Россия муҳоҷиронро фирефтану пули меҳнаташонро надодани корфармоёни беинсоф ҳодисаи муқаррарӣ шудааст. Дар натиҷа ин бечораҳо, ки на ҳуқуқҳои худро медонанду на шартномаи меҳнатӣ доранд, ду даст дар бинӣ мемонанд.

— Мутаассифона, ин қабил ҳодисаҳо ҳоло ҳам кам нест. Ва онҳо, чун охирин умед, ба консулгарӣ муроҷиат мекунанд. Ба гунаи мисол, соли гузашта бо дахолати муассири кормандони мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҳамватанон ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор рубл  маош ва пасандози бонкӣ баргардонда шуданд.

Аммо ман аз он сахт озурда мешавам, ки муҳоҷиронро на танҳо бегонаҳо, балки ҳатто худиҳо низ, ба қавле, «кидать» мекунанд. Тамоман худобехабар шудаанд! Охирин чунин ҳодисаи нанговарро нақлатон мекунам. Нимаи дуюми моҳи июн ба консулгарӣ гурӯҳи 21- нафара аз вилояти Свердловск муроҷиат намуд. Маълум шуд, ки «бригадир» — миёнарави онҳо – шаҳрванди Тоҷикистон аз корфармо маоши думоҳаашон – 2,5 миллион рублро гирифта ғайб мезанад. Шояд бовар накунед, — мо фиребгарро дар як шабонарӯз аз шаҳри Москва пайдо кардем. Масъалаи оҷилан баргардондани пули бачаҳоро кундаланг гузоштем. «Бригадир» аллакай як қисми пулро дод. То пурра баргардондан ин кор зери назоратамон хоҳад буд.

— Тибқи маълумоти расмӣ, бар асари номатлуби ковидӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР дар муқоиса бо ибтидои соли гузашта аз 10-11 миллион то тақрибан 7 миллион нафар кам шудааст. Ин  раванд дар минтақаи амали шумо низ ба мушоҳида мерасад?

— Бале. Сабабҳояшро дар ибтидои суҳбатамон ишора кардам. Масалан, дар нимсолаи якуми соли равон аз Тоҷикистон ба вилояти Тюмен каме беш аз 7 ҳазор нафар омад. Ҳол он ки солҳои қаблӣ ин рақам ба 30-35 ҳазор мерасид. Ё вилояти Челябинскро гирем. Соли 2019 дар қаламрави он қариб 57 ҳазор ҳамватанонамон фаъолияти муваққатии меҳнатӣ  мекарданд. То ибтидои сентябри ҳамин сол бошад, ба вилоят ҳамагӣ 16 ҳазор муҳоҷири меҳнатии  мо омаданд. Аз охири моҳи августи соли равон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия иртиботи муттасили ҳавоӣ роҳандозӣ шуду миқдори парвози тайёраҳо меафзояд. Яъне метавон гуфт, ки моҳҳои минбаъда шумораи муҳоҷирон босуръат зиёд хоҳад шуд, аз ҷумла, дар минтақаи Урал.

— Чанде пеш дар сомонаи ВКД ФР хабаре интишор ёфт, ки дар маҷмӯъ, дар Россия моҳҳои январ-августи соли равон 1,3 миллион ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. 19,2 ҳазори ин ҷиноятро шаҳрвандони ИДМ содир кардаанд, ки ҳамагӣ 1,5% миқдори умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, чанд занозании оммавии охири муҳоҷирони Осиёи Миёнаро иддаи ВАО-и россиягӣ ончунон воҳима карданд, ки гӯё амнияти миллии кишвар зери хатар монда бошад. Дар ин пасманзар сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Россия Валентина Казакова чанде пеш изҳор дошт, ки муҳоҷиронро дар чашми ҷомеа васоити ахбори умуме, ки аз хориҷа маблағгузорӣ мешаванд, ҷинояткор нишон додан мехоҳанд. Дар ин хусус назари Шумо чӣ гуна аст?

— Бечунучаро, занозании оммавии муҳоҷирон ба муносиботи муҳоҷиратии байни кишварҳо зарару зиёни  калон расонда, боиси нобоварии аҳли ҷомеаи маҳаллӣ нисбат ба муҳоҷирон ва диаспораҳои миллӣ мегардад. Аз ин рӯ, нисбат ба иштирокдорони чунин бетартибиҳо тадбирҳои қатъӣ андешидани мақомот амри табиист. Чунин ҳодиса дар шаҳри Екатеринбург тобистони соли гузашта рӯй дода буд. Моҳи майи соли 2020 ва январи соли ҷорӣ дар маркази боздошти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки хориҷшавандаҳои мо низоъ ба амал омад. Доир ба ин ҳодисаҳои ногувор ман бо намояндагони матбуоти маҳаллӣ ва хориҷӣ мусоҳиба намуда, тафсилоти холисона додам. Бешубҳа, ҳастанд расонаҳое, ки мехоҳанд муҳоҷиронро ба чашми мардуми муқимӣ сиёҳ карда, норозигии онҳоро барангезанд. Аз ин лиҳоз муҳоҷирон, аз ҷумла, ҳамватанони мо,  бо андешаи номи неки худ ва обрӯю эътибори Ватан бояд тавре рафтор кунанд, ки чунин бадхоҳон ҳатто хурдтарин эрод гирифта натавонанд.

Қатораҳои чартерӣ ба муҳоҷирони мо низ заруранд

— Дар Россия ҷиҳати таъмини сохтмонҳо бо неруи корӣ барои овардани муҳоҷирон аз қатораҳои чартерӣ истифода бурдан мехоҳанд. Қатора дар як раҳ наздики 1000 одамро кашонда метавонад. Чуноне муовини Вазири сохтмон ва ЖКХ- и ФР  Никита Стасишин гуфтааст, ба таври пилотӣ 10 ҳазор бинокорро аз Ӯзбекистон меоранд. Бино ба таъкиди ӯ, бо ҳавопаймо овардани муҳоҷирон ба корфармоёни россиягӣ гарон меафтад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қиматтарин чиптаи парвозро ба Россия ночор шаҳрвандони мо мехаранд. Оё барои муҳоҷирони мо низ имкони ташкили қатораҳои чартерӣ бошад?   

— Ба банда идеяи ташкили чунин қатораҳо барои шаҳрвандонамон хушоянд аст. Аммо ин масъала на дар сатҳи мо, балки дар сатҳи байниҳукуматӣ бояд баррасӣ ва ҳал шавад. 

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.