Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сулҳ — беҳтар зи ҷанг

Агар пилзӯрӣ ва-гар шерчанг.

 Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг. (Саъдӣ)

 Паймудани роҳи душвор ва пур аз шебу фарози сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гузашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд. Аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 23 сол сипарӣ мешавад. солҳо мегузаранд, зиндагӣ ба маҷрои тозатаре ворид мешавад, аммо нақши сарнавиштсози ин рӯз, рисолати таърихии он арзиши бештаре касб мекунад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд. Ин ҷашнро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард ва дар қатори дигар санаҳои таърихии миллат барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Зеро баъди ин рӯз мо эҳсос кардем, ки кишвар ва миллати мо аз нестӣ раҳоӣ меёбад. Шарораи умеде дар дили ҳамагон фурӯзон мегашт ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойи душманиву тафриқаафканиро мегирифт. Бинобар ин, ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ — Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.

Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тамоми қувваҳои солими Ватанро ба хотири сулҳу ваҳдат, таъмини амният ва ризоияти ҷомеа дар атрофи худ муттаҳид сохта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷудбударо давра ба давра бо барномарезиҳои мушаххас ҳаллу фасл менамоянд.

Абдураҳмон Халилов, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералии ҶТ           

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.