Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар масъалаи марз қабул накард

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон  ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошти эътирозӣ, яъне нота ирсол кард. Нотаи Тоҷикистон 29-уми май дар вокуниш ба суханони Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия фиристода шуд. Лавров дар як нишасти хабарӣ гуфт, Русия омодааст, ки  дар ҳалли баҳсҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ширкат ё миёнаравӣ кунад.

Аммо дар нотаи ҷониби Тоҷикистон гуфта мешавад, ки  масъалаи тақсиму аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон сирф кори дохилии ду кишвар аст. Ба  ҷалби ҷониби севум зарурате нест.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 29-уми май дар изҳороти расмӣ гуфт, масъалаи марз мавзӯи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии  Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) набуд. Ин нишаст 26-уми май баргузор шуда буд.

«Зикр карда шуд, ки масъалаи тақсиму аломатгузории марзҳои давлатӣ кори дохилии кишварҳои узви СПАД аст ва танҳо бо ширкати ду ҷониб баргузор мешавад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Русия гуфтаанд, «музокирот барои ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам ва дар доираи Кумисюни байниҳукуматӣ оид ба тақсиму аломатгузории марзи давлатӣ ҷараён дорад”.

Ёдрас мешавем, ки 24 майи соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ сар зад. Тавре Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад,  бар хилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24 майи соли 2020 дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардиданд.

Дар натиҷа онҳо ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд. Сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.

Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст.

Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар изҳороти худ мегӯяд, ки ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони ҶҚ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии ҶТ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.