Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Умеди калони Абдуллоҳ Абдулло ва Ҳомид Карзай барбод намеравад???

Абдуллоҳ Абдулло ва Ҳомид Карзай ба музокироти сулҳ умеди калон доранд
Як ҳайтаи бонуфузи Афғонистон бо роҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон барои музокирот бо Толибон ба шаҳри Доҳа сафар карданд
Дар Доҳа фурудгоҳи байналмилалии Афғонистон, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пеш аз сафар ба бо рӯзноманигорон суҳбат карданд.

Дар ин нишаст Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид карданд, ки аз музокироти сулҳ дар Доҳа умеди зиёд доарнд ва хоҳони он ҳастанд, ки дар Афғонистон ҳар чӣ зудтар сулҳу субот мустақар гардад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайати мазкур ғайр аз Ҳомид Карзай, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, Ботур писари Абдурашид Дӯстум, Гулбеддин Ҳикматёр, Ҳоҷӣ Муҳаммад Моҳакик, Ато Муҳамади Нур ва дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон шомил ҳастанд.

Яън қариб тамоми шахсиятҳои саршинохтаву сарсупурдаи ин кишвар барои ҳифзи марзу буми он гирди ҳам омадаанд, то ҳар чӣ зудтар оромиро ба даст оваранду мардумро осуда гардонанд.

Бояд зикр намуд, ки қаблан Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи милии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва раисҷумҳури пешини ин кишвар Ҳомид Карзай дар бораи азсаргирии музокираи сулҳи байниафғонӣ хабар доданд.
Қаблан Абдуллоҳ Абдуллоҳ омодагии ҳукуматро ба музокира бо Толибон қайд кард ва гуфт, ки музокираи намояндагони Афғонистон ва Толибон (маманӯъ дар қаламрави Русия) метавонад рӯзҳои наздик аз сар гирифта шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳайати Толибонро дар музокирот кӣ роҳабарӣ мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.